Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои ниёгон дар самти тарроҳии либоси анъанавии тоҷикона, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ 1 марти соли 2025 дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва фаъолони вилоят иштирок доштанд.
Дар саҳни Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, сӯзандӯзию гулдӯзӣ, заргарӣ, тарроҳӣ ва дигар санъати мардумӣ аз тарафи тарроҳони чирадасти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Нахуст, ҳайати ҳакамон аз ин намоиш дидан намуда, ба ҳунари иштирокдорон баҳогузорӣ карданд. Сипас, тибқи барнома, қисмати дуюми чорабинии мазкур дар толори қасри фарҳанг идома ёфт.
Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода зимни суханронӣ қайд намуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номинатсияи «Чакан, ҳунари гӯлдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки моҳи декабри соли 2018 дар шаҳри Порт-Луии Ҷумҳурии Маврикий баргузор шуд, ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии башарият расман ворид гардида, баргузории фестивал яке аз тадбирҳои гиромидошти ин арзиши асили фарҳангӣ буда, он ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ равона гардидааст.
Фестивали мазкур аз рӯйи 6 номинатсия сурат гирифта, дар он ҳунармандон ва тарроҳон бо намоиши либосҳои қадимаи чакан, кӯдакона, рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, расмӣ ва намоиши гуногуни навъҳои сӯзанидӯзӣ ҳунари хешро ба маъраз гузоштанд.
Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории фестивал баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, аз тарафи аҳли ҳунар барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳаводорони санъати мусиқӣ гардонида шуд.
Дар фарҷом иштирокчиён бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Алишери АБДУЛМАҶИД,
Умар ТОШМАТОВ,
«Хатлон»
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.