Модар ба ҳама қадршиносӣ арзанда аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 100
![]()
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР
Модарону хоҳарони азиз!
Бонувони гиромӣ!
Модар олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ ба ҳисоб меравад. Дар фарҳангу тамаддуни мо эҳтиром нисбат ба зан - модар ҷойгоҳи хос дорад. Ин аст, ки имрӯз мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа хеле боло рафтааст.
Ҳамасола ҷашни фархундаи Рӯзи модар бо фарорасии фасли баҳор, таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ рост меояд ва мо ин ду рамзи некиву саодатро дар фазои соҳибистиқлолӣ ва осоиштагии кишвар дар сатҳи баланд таҷлил менамоем.
Бо истифода аз фурсат, кулли модарон ва занону бонувони вилояти Хатлонро ба ифтихори Рӯзи модар ва айёми истиқболи Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик гуфта, барояшон саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушбахтиҳои зиндагиро орзумандам.
Дар сатҳи давлатӣ бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи таваҷҷӯҳ ва эҳтироми хос-саи Ҳукумати кишвар нисбат ба занон мебошад, зеро нақши занону бонувон ҳамчун нерӯи бузургу созанда дар ободии хонадон, тарбияи фарзандон ва дар ниҳоди онҳо парвариши эҳсоси баланди ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Дар робита ба ин, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа”, қабул ва тадбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, Стратегия ва консепсияҳои миллӣ, ки нақши занонро дар мақоми роҳбарӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила қавӣ мегардонад, далели возеҳ ба ин аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ.Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалати занону бонувон арҷ гузошта, таъкид менамоянд, ки: “Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, мехоҳад бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад”.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳамияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати тавсеа бахшидани мавқеи занон дар ҷомеа пайваста чораандешӣ менамояд ва мушкилиҳои дар ин самт ҷойдоштаро саривақт баррасӣ намуда, оид ба ҳалли онҳо тадбирҳои амалӣ меандешад.
Боиси зикри хос аст, ки 49 фоизи аҳолии вилоятро занон ташкил дода, намояндагии шоистаи онҳо дар мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин гардидааст.
Ҳоло дар вилоят 18 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 61 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 49 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 16 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил дода, 14 394 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд.
Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят 20 300 нафар ё 48 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар Паёми навбатии худ, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: “Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд”.
Занону модарони вилоят дар рушди соҳибкорӣ низ муваффақанд. Имрӯз шумораи соҳибкорони инфиродӣ аз ҳисоби занон 31500 нафар буда, 19400 нафарашон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд, ки дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва ғани гардонидани дастурхони мардум саҳми назаррас доранд.
Дар ин баробар, саҳми занон дар рушди илми мосир низ назаррас буда, онҳо бо сайқал додани сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа нақши муассир мегузоранд. Дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят айни замон 111 нафар занони олима, аз ҷумла 4 нафар доктори илм, профессор ва 26 нафар дотсент фаъолият менамоянд, ки боиси ифтихор аст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳар як ташаббус ва иқдомҳои сатҳи баланди занонро дастгирӣ намуда, дар доираи таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои раиси вилояти Хатлонро таъсис додааст, ки ба занони соҳибкор ва ҳунарманд тибқи қарори дахлдор ҳамасола 30 грант дар ҳаҷми 500 000 сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Вобаста ба ин, дар 5 соли охир 114 лоҳаҳои пешниҳоднамудаи занон дар самти рушди хоҷагидорӣ, таъсиси гармхонаҳои парвариши лиму ва сабзавоткорӣ, асалпарварӣ, моҳипарварӣ, ташкили коргоҳҳои адрасбофӣ, чакандузӣ, дузандагӣ, пазандагӣ, ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ аз ҳисоби маблағҳои бюҷетӣ ба маблағи 1 500 000 сомонӣ дастгирӣ ёфта, ин ташаббус минбаъд низ идома дода мешавад.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки имрӯз занону модарони мо дар ҳидояти фарзандон ба сафи Артиши миллии кишвар пешсафанд. Маҳз заҳмат ва тарбияи дурус-ти модарон буд, ки ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар вилояти Хатлон дар ду даъвати охир ҳалли пурраи худро пайдо намуда, дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват ба пуррагӣ таъмин карда шуд.
Мо умедворем, ки модарон дар риояи ҳатмии та-лаботи қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими ҷашну ма-росим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва масъалаҳои устувор гардонидани ҳисси ватанпарастии фарзандон, пойдории забон ва фарҳанги миллӣ, устувории оила, тарғиби арзишҳои миллӣ, аз ҷумла риояи либоси миллӣ ва пешгирӣ аз омилҳои бегонапарастӣ, эҳё ва ҳифзи ҳунарҳои миллию мардумӣ ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ саҳми намоён мегузоранд.
Мавриди зикр аст, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадон, оила ва манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Осоиши хонадон ба ҷисму рӯҳи солим, дунёи маънавӣ, маърифат ва завқи зан-модар вобаста аст, ки занон дар саргаҳи амалӣ намудани ин ташаббусҳои оиладорӣ мавқеи меҳварӣ доранд.
Модарони арҷманд!
Мову Шумо дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз қарор дорем. Таманно менамоем, ки Шумо модарони саодатманди вилояти Хатлон сарчашмаи илҳом ва намунаи ифтихори зан ва модари тоҷик бошед ва барои фарзандону наберагон аз мактаби бу-зурги модар сабақи худафрӯзӣ омӯзед. Зеро модари хуб аз сад устод ва омузгор бартарӣ дорад.
Бори дигар ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми занону модарони Хатлонзаминро ба ифтихори Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, зиндагии бобарор ва дар амалӣ намудани ҳадафу ниятҳои неку шоистаатон комёбиҳои беназир орзумандам.
Идатон муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...