ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Калиди бахти инсон дар китоб аст


Калиди бахти инсон дар китоб аст




Андешае чанд оид ба соли 2025 дар қаламрави вилоятэълон гардидани “Соли фарҳанги китобхонӣ”

Меҳру  муҳаббате,  ки  инсон  ба  китоб дорад, ҷаҳони маънавиро ба рӯяш во мекушояд. Шоир ба ҳамин маънӣ фармуда:
Бошадо, ҳар саҳфае андар китоб,
Бар ҳазорон пурсиши одам ҷавоб.


Инсон пеш аз он, ки ба муҳит ва гирду атрофи  худашро  фарогиранда  сарфаҳм биравад,  онро  дарк  намояд,  ӯро  лозим аст,  ки  рӯ  ба  китобхонӣ  биоварад.  Ин  ҷо мехоҳам, ки аз таҷрибаи шахсиам оид ба фарҳанги  китобхонӣ  ва  муносибат  ба  он ибрози назар намоям.

Барои  он  ки  меҳри  китобу  китобхониро дар қалби кӯчаки шогирд бедор созем, сараввал худи мо-омӯзгорон, сермутолиа бошем.  Ба  рафтори  худ  идеали  шогирд шуда тавонем, то ки вай минбаъд аз пайи мо раҳандоз гардад. замони мактабхониам  ба  ёд  меояд. устод  Юсуфӣ  (руҳашон шод  бод!)  омӯзгори  фанни  адабиётамон буданд.  Шахси  фарҳангӣ,  донишманд, сар  то  по  шеър.  Гоҳе  аз   “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ, замони дигар достони “Парии бахт”-и  А.  Лоҳутиро  таъриф  мекарданд. 

Дарси дигар бошад, аз силсилаи шеърҳои “Қиссаи  Ҳиндустон”-и  Мирзо  Турсунзода  ҳарф  мезаданд.  Давраи  мактабхонӣ асарҳои бадеӣ нисбатан камтар нашр мешуданд. як  хизмати  устод  Юсуфӣ  барои ба  китобхонӣ  меҳр  бастани  толибилмон он буд, ки аз асари бадеии нақл намудаашон  ҷои  асосӣ  ва  муҳимми  воқеаро,  ки нуқтаи авҷи он маҳсуб меёфт, ба мо баён намегуфтанд. 

устод  боре  аз  китоби  “Аҳмади девбанд”-и Садриддин Айнӣ як ҳодисаеро, ки дар шаби чиллаи зимистон қаҳрамони повест  Аҳмад  бо  як  гурӯҳи  одамони  дар меҳмонхона  гирдомада  шарт  карда,  ба мазори Хоҷауббониҳо, он мазоре, ки дар борааш  ҳар  гуна  ривоятҳои  даҳшатнок оид  ба  деву  аҷина  ва  парӣ  нақл  мешуду шабона  касе  ҷуръати  аз  назди  он  гузаштанро  надошт,  рафта  ба  корд  дар  рӯйи фарши  хонаи  мазор  хат  кашида,  боз  тавассути он корд якчанд навдаҳои дарахтеро бурида меорад, нақл карданд. -Давоми ҳикояро устод таъкид намуданд: «Худатон аз “Аҳмади девбанд” ёфта хонед». Мо ба китобхонӣ  ва  ҷустуҷӯи  асар  овора  шуда, оқибат ба мақсад мерасидем.

Баъдҳо,  солҳои  омӯзгориам,  кӯшиш менамудам,  ки  асарҳои  ба  кӯдакону  наврасон  бахшидаи  адибони  тоҷик:  Мирсаид  Миршакар,  Боқӣ  Раҳимзода,  Ғаффор Мирзо,  Аминҷон  Шукӯҳӣ, убайд  Раҷаб, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Наримон Бақозода, Ҷӯра Ҳошимӣ, Пӯлод Толис, Болта Ортиқ, Нӯъмон  Розиқ  ва  даҳҳо  нафари  дигар қаламкашонро ба шогирдон шинос кунам ва порчаҳои ҷолибро аз он асарҳо қироат намоям. Ин ҳам як роҳи бедор намудани шавқи шогирдон ба мутолиаи китоб аст.

Мо бо якҷоягии китобдори мактабамон Маърифат  Сафарова  борҳо  конфронси китобхононро аз рӯйи асарҳои шоиру нависандагони тоҷик Мирзо Турсунзода, Со-тим улуғзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ,  Кароматулло  Мирзо,  Исроил Иброҳим ва дигарон гузаронидем. Махсусан,  конфронси  адабие,  ки  моҳи  ноябри соли  2019  дар  таълимгоҳ  оид  ба  мавзуи “Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест” доир намуда  будем,  басо  хотирмону  ҷолиб гузашт.  Шоирону  қаламкашони  ноҳия Шабафрӯз,  Тӯра,  Шукур,  Ҷавлон,  Сотими  Саидмуъмин,  Исматулло  Файзулло дар  он  ширкат  варзида,  аз  эҷодиёташон порчаҳо қироат намуда, аз заҳмати китобу китобчопкунӣ ҳарф заданд.

Ҳоло  баъзе  хонандагони  мо  дар  бобати кам китоб хондан ҳар гуна баҳонаҳо пеш  меоранд.  Ин  баҳонаҳо  асоси  воқеӣ надошта,  ҳамаи  он  аз  танбалӣ  ва  ё беҳавсалагии  худи  онҳо  сар  мезанад. 

Онҳое,  ки  баъзан  камии  вақтро  баҳона карда  китоб  намехонанд,  худро  фиреб медиҳанд. Барои мутолиаи китоб ҳар гуна ҷой, вақт ва ҳар хел шароит муносиб аст. 

Ҳеҷ гуна монеа набояд пеши роҳи китобхонро  бигирад.  Онҳое,  ки  асоси  дурусти истифодаи  вақтро  намедонанд,  “барои хондани китоб вақт намеёбем”, мегӯянд.

Аз мактаби иттилоотӣ саргузашти доктор Паркир Кадмэн, наттоқи машҳури яке аз  шабакаҳои  радиоии  Амрикоро  хонда, дар мавриде ба шогирдон қисса карда будам. Кедмэн бармаҳал аз навозиши волидайни худ маҳрум мемонад. Бар замми ин хӯрондану  пӯшондани  ду  бародари  хурдсолашро ба уҳда дошт. Бо ин мақсад ин писараки понздаҳсола дар кони ангишт, дар хандақҳои  рутубатноку  бадбӯй  коргарӣ одӣ шуда заҳмат мекашид. Вазифаи ӯ ба мошин бор кардани ангишт буд. То омадани мошини навбатӣ аз чароғи кисагиаш, ки он ҳам чиркин шуда буд, истифода намуда китоб мехонд. ӯҳамеша дар бағалаш китоб нигоҳ медошт. Вай дар муддати даҳ соли дар кони ангишт кор карданаш тамоми  китобҳои  бадастовардаашро  мутолиа карда, миқдори онҳоро аз ҳазор адад ҳам афзун карда буд. Кедмэн имтиҳонҳои дохилшавии коллеҷи Ричманди Лондонро бо муваффақият супорида, донишҷӯи ҳақиқӣ гардид.  Коллеҷро  низ  бо  баҳои  “аъло” хатм  намуда,  ҳамчун  рӯзноманигор, наттоқи  машҳури  радио  ном  баровард. 

яъне  Кедмэн  тавассути  пайваста  ва  дар ҳама  гуна  шароит  мутолиа  намудани  китоб  аз  хандақҳои  чуқуру  бадбӯй  конҳои ангишт халосӣ ёфт:
Фаровон розҳо андар китоб аст,
Ҳама оғозҳо андар китоб аст.


Далер  ном  ҷиянам  боре  ба  ман  як воқеаи  аҷоибро  аз  ҳаёти  модаркалони солхӯрдааш нақл карда буд, ки ин ҷо овардани онро лозим мешуморам.

-Модаркалонам  бонуи  75-80-сола  буданд, - ба нақлаш оғоз намуд, Далер. - Дар як  сандуқи  чӯбин  чандин  адад  китобҳои динию  бадеиро  ҷамъ  намуда  буд.  Дар вақтҳои  аз  корҳои  хона  фориғ  шудан  ба чашмашон айнак монда, китоб мехонданд. 

Аз китобхонӣ серӣ надоштанд. “Чоркитоб”-ро  бо  ҳуруфи  кирилӣ  пурра  азёд  карда буданд.  Аз  паҳлуи  девори  ҳавлиамон роҳи мошингарди кӯча мегузашт. Бачаҳои шӯху  безорӣ,  дучархаҳои  мотордору мототсиклҳояшонро  “тарру  туркунон”  меронданд, дар кӯча мағалу шавқун мекарданд. Бибиям ҳар замон аз рафтори онҳо хашмгин шуда мегуфтанд:

-Далерҷон,  агар  ҳамин  бачаҳо  рӯзе ақаллан  як  соат  вақти  худро  сарфи китобхонӣ мекарданд, ин қадар бо садои гӯшхарош велосипед намеронданд...

-Бибиҷон, сабаби ин рафтори беандешагии онҳо чӣ бошад?

-Сабабаш,  бепарвоии  волидайн. 

Агар  худи  падару  модарон  китобхон  бошанд,  фарзандонашон  пайрави  эшон мегарданд,-ҷавоб доданд модаркалонам.

Хушбахтона,  солҳои  охир  бо  Амри Президенти маҳбуб ва фарҳангдӯстамон, Ҷаноби  олӣ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" гузашта  истодааст.  Ин  иқдоми  наҷиб  сафи китобхонону  китобдӯстонро  ба  маротиб зиёд  гардонда,  меҳри  каломи  бадеъро дар қалбашон пурзӯр менамояд.

Ҳотам Ҳоҷӣ,
омӯзгори собиқадор
аз ноҳияи Кӯшониён

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода