ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НАТИҶАИ ПЕШАКИИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ЭЪЛОН МЕГАРДАД


НАТИҶАИ ПЕШАКИИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ЭЪЛОН МЕГАРДАД




Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 3 март, соати 10:00, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон эълон карда мешавад. Дар ин хусус аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки интихоботи навбатии вакилонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзи якшанбе шаффоф ва ошкоро гузашт. Иштироки фаъолонаи 229 нафар мушоҳидони байналмилалӣ дар раванди интихобот далели ин гуфтаҳо мебошад. Таъкид карда шуд, ки баъди соати 20:00 овоздиҳӣ ба охир расид ва комиссияҳои участкавӣ ба ҳисоби овозҳои интихобкунандагон шуруъ намуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода