Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАЛАСАИ ШУРОИ ВИЛОЯТИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ТАҲТИ РАЁСАТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


ҶАЛАСАИ ШУРОИ ВИЛОЯТИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ТАҲТИ РАЁСАТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН



Имрӯз, 28 феврал, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилоят баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Шуро, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ ширкат варзиданд.

Нахуст, котиби масъули Шуро, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон Шараф Чиллазода суханронӣ намуда, оид ба корҳои анҷомёфта тибқи нақшаи кории Шуро барои соли 2024, чораҳои андешидашуда оид ба иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи кории Шуро барои нимсолаи дуюми соли 2024 ва дастуру супоришҳои протоколи ҷаласаи Шуро аз 24 июли соли 2024 ҳисобот дод.

Раиси Шуро Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ дастур дод, ки аъзои Шуро, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини соҳа корҳои тарғибу ташвиқотиро оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла нашъамандӣ ва оқибатҳои он байни ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус ҷавонон тақвият бахшанд.

Инчунин, аъзои Шурои вилоятӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки иҷрои дастуру супоришҳои протоколҳои қаблии ҷаласаҳои Шуро ва бандҳои дахлдори Нақшаи кории Шуроро зери назорат ва корбарии ҳамаҷониба қарор дода, оид ба иҷрои бандҳои Нақша маълумоти пурра ва саривақтӣ пешниҳод намоянд.

Сипас, ҳисоботи муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода вобаста ба баргузории корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ ва муайян намудани ақидаи иҷтимоии оилаҳо бо усули фардии «Хона ба хона» шунида шуд.



Раиси Шуро ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор дастур дод, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқу тарғиб оид ба риояи талаботи қонунҳо ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ҳуввияти миллӣ дар байни мардум таъсирбахш гузаронида шаванд.

Вобаста масъалаи 3-юми рӯзнома – «Пешгирии раванди гаравидани шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти эктремистию террористидошта» сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Нусратулло Мирзозода маълумот дод.

Сипас, пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда вобаста ба амалисозии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби прокурори вилоят Аваз Назарзода мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Оид ба масъалаи 4-уми рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи комиссари ҳарбии вилоят Аминҷон Амонуллозода вобаста ба рафти корҳои омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ шунида шуд.

Аз рӯйи масъалаи панҷум, лоиҳаи нақшаи кории Шуро барои соли 2025 ба ҳама аъзоён дастрас шуда, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо тасдиқ карда шуд.

Аз тарафи раиси вилоят дастур дода шуд, ки бо аҳолӣ, алалхусус бо гурӯҳҳои осебпазир, ноболиғон, ҷавонон, муҳоҷирон, ходимони дин ва донишҷӯён дар мавзуъҳои мухталифи ҳуқуқӣ вохӯриҳо бештар ба роҳ монда шаванд.



Пас аз баррасии ҳисоботҳо, раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар назди аъзои Шуро вазифаҳо гузошт, ки оид ба таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи амният, суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, тақвият ёфтани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани тахассус ва масъулияти кормандони соҳаи маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар сохторҳои масъули тарбияи идеологӣ, омодагии ҳамаҷониба ба даъвати баҳорӣ, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, инъикоси ҳаёти сарбозони Артиши миллӣ дар ВАО ва ташкили гӯшаҳои ҳуқуқӣ дар нашрияҳои даврӣ тадбирҳои натиҷабахш андешанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода