Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Корвони дидор волидони сарбозонро ба Турсунзода бурд


Корвони дидор волидони сарбозонро ба Турсунзода бурд



26 феврали соли 2025 як рӯйдоди хотирмон ва пур аз эҳсосот дар доираи иқдоми «Корвони дидор» баргузор шуд. 50 модар, ки фарзандонашон  дар  қисмҳои  низомии  шаҳри  Турсунзода  адои хизмат мекунанд, ба дидори онҳо рафтанд.

Ин  иқдом  бо  дастури  раиси  вилояти  Хатлон  Давлаталӣ  Саид  аз ҷониби  Раёсати  кор  бо  ҷавонон  ва варзиши  вилояти  Хатлон  ташкил гардида,  ҳадафи  он  боз  ҳам  наздик сохтани  робитаи  ҷомеа  бо  Артиши миллӣ мебошад. Дар ин рӯз модарон бо чашмони худ диданд, ки фарзандонашон дар муҳити низомӣ, бо ша-роити мусоид ва бо руҳияи баланди ватандӯстона хидмат мекунанд.

Сафар  барои  модарон  ва  сарбозон  як  рӯзи  фаромӯшнашаванда буд.  Барои  модароне,  ки  писаронашонро ба хизмати ҳарбӣ гусел карда буданд, дидани онҳо дар тан либоси низомӣ,  бо  чеҳраи  қавӣ  ва  иродаи устувор як ҳисси ифтихори амиқ бахшид. Дар ин рӯз ашки шодӣ, самими-ят ва муҳаббати модарона бо ҳисси ватандӯстӣ ва садоқати сарбозон ба ҳам омехт.

зеваршо  Абдуназарзода,  ки  дар қисми  низомии  051059  Гвардияи миллии Тоҷикистон хидмат мекунад, бо ифтихор суханронӣ намуда, гуфт: «Хизмат ба Ватан на танҳо вазифа, балки як мактаби бузурги мардонагӣ ва  садоқат  аст.  Вақте  ки  ба  сафи Қувваҳои  Мусаллаҳ  пайвастам,  ҳис кардам,  ки  масъулияти  бузургеро бар  дӯш  гирифтаам.  Имрӯз  ҳар  як ҷавони тоҷик бояд аз ин мактаб гузарад, то ба зиндагӣ бо иродаи устувор ва  руҳияи  ватанпарварӣ  ворид  гардад. Мо имрӯз на танҳо худро, балки марзу буми муқаддаси Тоҷикистонро муҳофизат  мекунем.  Вақте  мебинам, ки модарони мо бо муҳаббат ва ғамхорӣ  моро  аёдат  мекунанд,  ҳис мекунам, ки хизмати мо беҳуда нест. Мо  фарзандони  ҳамин  сарзаминем ва  омодаем  онро  бо  тамоми  ҳастӣ ҳифз кунем».

Ин  суханони  ӯ  бо  кафкӯбии ҳамхизматонаш  ҳамовоз  гашт. Воқеан,  имрӯз  Артиши  миллии  Тоҷикистон  мактаби  тарбияи ватандӯстӣ  ва  ҷасорат  барои  насли ҷавон аст.

Маҳмадшоҳ  Сафаралиев,  сар-бози  қисми  низомии  051059,  низ андешаҳои худро чунин баён намуд: «Артиш – сипари боэътимоди давлат аст. Мо имрӯз бо ифтихор дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон исодаем  ва  ҳар  рӯз  дарси  матонату ҷасорат мегирем. Ҳар ҷавони боору номуси  тоҷик  бояд  шукрона  кунад, ки  Ватани  озод  ва  артиши  тавоно дорад. Мо - сарбозон ифтихор мекунем, ки дар дифои ин сарзамини муқаддас саҳм мегузорем».

Ин суханон боз ҳам қувваи дилнавози  модароне  гардиданд,  ки  бо чашмони  худ  фарзандонашонро дар қисми низомӣ диданд.

Ҳисси  модарона  дар  ин  сафар бештар  намоён  буд.  Онҳо  фарзандони  худро  бо  муҳаббат  ба  оғӯш мегирифтанд,  сару  либосашонро месанҷиданд,  бо  чеҳраҳои  пур  аз меҳр ба онҳо нигоҳ мекарданд.

Идимо Маликова,модари яке аз сарбозони қисми ҳарбии 051059, бо эҳсосоти баланд гуфт: «Ҳар як модар мехоҳад, ки фарзандаш солиму бардам ва сарбаланд бошад. 

Вақте писарамро дар либоси низомӣ, дар муҳити тозаву тартиботи олӣ мебинам, қалбам пур аз ифтихор мешавад. Ман ҳангоми гусел кардани ӯ дилам каме ноором буд, аммо имрӯз боварӣ ҳосил кардам, ки вай дар дасти боэътимод аст. 

Шароити қисми низомӣ хеле хуб аст – хӯрок серғизо, ҷойи хоб қулай, либоси сарбозӣ тоза. Ман дигар ҳеҷ шубҳае надорам, ки ӯ на танҳо хизмати хуб мекунад, балки аз ин ҷо ҳамчуняк марди комилбармегардад».

Рӯзибой  Талбакзода,  сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, падари яке аз сарбозон, низ дар ин сафар ҳузур дошт. ӯбо як шукргузорӣ баён дошт:  «Вақте  ки  фарзанди  ман  ба хидмати  ҳарбӣ  мерафт,  ба  ӯ  гуфтам:  «Писарам,  Ватан  ба  неруи  ту ниёз дорад». Ва имрӯз мебинам, ки вай ба марди ҳақиқӣ табдил ёфтааст.  Ҳар  як  падар  бояд  фарзанди худро  дар  руҳияи  ватандӯстӣ  ва масъулиятшиносӣ  тарбия  кунад. 

Артиши  миллӣ  барои  ҷавонони  мо як мактаби бузург аст, ки онҳоро бо ҳаёти мустақилона омода месозад. Ман  ифтихор  дорам,  ки  писарам дар сафи он аст».

Тоҷиддин  Қурбонзода,  намояндаи  Раёсати  кор  бо  ҷавонон  ва варзиши вилояти Хатлон, ки дар ин сафар волидонро ҳамроҳӣ мекард, чунин изҳор дошт: «Мо ин иқдомро на танҳо барои модарон, балки барои таҳкими робитаи ҷомеа бо Арти-ши миллӣ ташкил кардем. Вақте ки ҷомеа мебинад, ки фарзандонашон дар шароити хуб хидмат мекунанд, эътимоди  онҳо  ба  артиши  кишвар бештар  мегардад.  Мо  мехоҳем,  ки ин  ташаббусро  минбаъд  низ  идома  диҳем  ва  ба  мустаҳкам  шуда-ни  ҳамкориҳои  мардум  бо  неруҳои мусаллаҳ мусоидат намоем».

Имрӯз  Артиши  миллии  Тоҷи-кистон як ниҳоди тавоно ва боэътимод  буда,  амнияту  суботи  кишварро  таъмин  мекунад.  Дар  шароити ҷаҳони  муосир,  доштани  артиши қавӣ ва сарбозони содиқ як зарурати стратегист.

Ҳар  ҷавон,  ки  ба  ин  сафҳо  ме-пайвандад, бояд дарк кунад, ки на танҳо хидмати ҳарбӣ мекунад, балки  рисолати  бузург  –  ҳифзи  марзу буми Ватанро ба дӯш дорад. Ба ин хотир,  дар  руҳияи  ҷавонмардони тоҷик ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз Артиши миллӣ бояд ҳамеша қавӣ бошад.

Ҳар қавме, ки артиш дорад, зиндагии  осуда  дорад.  Ҳар  модаре, ки  фарзандашро  бо  сари  баланд ба  хидмати  Ватан  гусел  мекунад, ҳамеша  дар  қалби  миллат  ҳамчун модари қаҳрамон боқӣ мемонад.

Имрӯз Тоҷикистон бо артиши худ ифтихор  мекунад,  зеро  сарбозони он бо иродаи устувор ва муҳаббати беканор  ба  Ватан  ҳамеша  омодаи  ҳифзи  марзу  буми  муқаддас ҳастанд!

Набиҷони Саидаброр,
Бохтар-Турсунзода-Бохтар, 
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода