Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии Бохтар №1


Номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии Бохтар №1




Шарҳи ҳоли Давлаталӣ Саид


Давлаталӣ  Саид  30  марти  соли  1970  дар ноҳияи  Данғара  таваллуд  шудааст.  Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли  2008  Академияи  хизмати  давлатии  назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисоди  миллӣ  хатм  кардааст.   Солҳои  1988-1989 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намудааст. 

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ба сифати  мутахассиси  идораи  экспертизаи  Кумитаи давлатии  идораи  амволи  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2005 дар вази-фаи муовин, сардори Раёсати экспертиза ва сар-дори  Идораи  саҳомигардонӣ,  коғазҳои  қиматнок  ва фондҳои инвеститсионии Кумитаи давлатии  идораи  амволи  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон кор кардааст. 

Солҳои  2005-2007  дар  мансабҳои  раиси  Кумитаи  кор  бо  ҷавонони  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  раиси  Кумитаи  ҷавонон,  варзиш  ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият намудааст. 

Солҳои  2007-2009  дар  вазифаи  Сафири  Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Япония кор кардааст. 

Аз соли 2009 то 2013 дар мансаби раиси Кумитаи  давлатии  сармоягузорӣ  ва  идораи  амволи  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  фаъолият  намудааст.  Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 19 ноябри соли 2013 муовини якуми Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, кор намудааст. 

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати  нав  муовини  якуми  Сарвазири  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таъин  гардида,  то  санаи  5  январи  соли 2023 фаъолият намудааст. 

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  5  январи  соли  2023  раиси   вилояти   Хатлон  таъин гардид. 

Бо ордени Шараф дараҷаи II, медалҳои ҷашнии  “20-солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидааст. 

Соли 2010 номзади илмҳои иқтисодӣ.

Фишурдаи барномаи пешазинтихоботии номзад

Барномаи  пешазинтихоботии  мо ба  вакилии  Маҷлиси  вакилони  халқи вилояти  Хатлон  аз  Барномаи  пешазинтихоботии  Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон (самтҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030)  сарчашма  гирифта,  баҳри  андешидани  чораҳои  мушаххас  ҷиҳати мусоидат  ба  иҷрои  онҳо  дар  ҳамаи соҳаҳо дар вилояти Хатлон нигаронида шудааст. 

Дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат,  Президен-ти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон,   андешидани чораҳои  мушаххас  баҳри  иҷро  дар ҳамаи  соҳаҳои  хоҷагии  халқи   вилоя-ти  Хатлон,  таъмини  ҳуқуқу   озодиҳои фитрии  инсон  ба  ҳаёт,  қадр,  номус, шаъну  шараф,  озодии  сухан,  баёни андешаи шаҳрвандонро аз фаъолияти ҳамарӯзаи худ мешуморам.

Манфиатҳои  давлатӣ  ва умумимиллӣ,  инсондӯстӣ,  риояи  адо-лати  иҷтимоӣ,  фарҳанги  баланди маънавию  сиёсӣ  ва  ахлоқи ҳамидаро дар  мадди  аввали  фаъолият  гузош-та,  дар  ташкили  интихоботи  шаффофу демократӣ, рақобати озоди аҳзоби сиёсӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба гуно-гунандешии  сиёсиро,  ки  ба  ташаккули  равандҳои  демократӣ  ва  ҳимояи манфиатҳои  миллӣ  мусоидат  меку-нанд, ҳамаҷониба пуштибонӣ менамоям.

Мусоидат ва амалӣ намудан дар:

саҳм  гузоштан  дар  баланд  бардоштани  мақому  манзалати  омӯзгор  дар  ҷомеа, 
дастгирӣ,  маблағгузорӣ  ба  озмунҳои ҷумҳуриявӣ  -  «Тоҷикистон  -  Ватани  азизи ман»,  «Фурӯғи  субҳи  доноӣ  китоб  аст»  ва «Илм - фурӯғи маърифат» ҷиҳати иштироки фаъоли сокинони вилоят;


мусоидат  дар  амалишавии  ҳадафҳои стратегии  давлат,  пеш  аз  ҳама,  бо  шуғли пурмаҳсул  таъмин  намудани  аҳолии  вилоят;


таъмини  рушди  босуръати  минтақаҳои озоди  иқтисодӣ  ва  минтақаҳои  саноатӣ, инчунин  таҳкими  заминаҳои  институтсионалию  молиявии  рушди  шарикии  давлат бо  бахши  хусусӣ,  мусоидат  ҷиҳати  нисбатан зиёд кардани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тавсеаи ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатии кишвар,  вазорату  идораҳои  соҳавӣ,  мусоидат ба ҷорӣ кардани технологияҳои нави илмию инноватсионӣ  дар  истеҳсолот  бо  мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босуръат;


гузаронидани  ислоҳоти  муназзам  дар соҳаи  тандурустӣ,  беҳсозии  дастрасӣ,  сифат  ва  самарабахшии  хизматрасониҳои тиббиву  санитарӣ,  махсусан  барои  аҳолии 
камбизоат  ва  сокинони  деҳот,  ташкили корхонаҳои  дорусозӣ  ва  васеъ  истифода 
бурдани  гиёҳҳои  шифобахши  ватанӣ  дар табобат;


ғамхорӣ  дар  ҳаққи  гурӯҳҳои  аз  ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ ва қишри ниёзманди ҷомеа;


дар  баробари  таъсис  додани  ҷойҳои нави  корӣ  диққати  ҷиддӣ  додан  ба  масъалаи касбомӯзӣ ва рақобатпазирӣ дар бозори  меҳнат,  мусоидат  дар  баланд  бардоштани  сатҳи  ҳадди  ақали  музди  меҳнат  ва давра  ба  давра  боло  бурдани  он  то  сатҳи ҳадди  ақали  зиндагӣ,  ташкили  коргоҳҳои хурди истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ;


тақвияти  мавқеи  занон  дар  ҷомеа  ва боз  ҳам  баланд  бардоштани  сатҳи  иштироки  онҳо  дар  фаъолияти  ҳамаи  шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҷудо намудани грантҳо, 
баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва омодагии ҷиддӣ барои бунёди оила;


ҳифзи саломатии модару кӯдак, таҳияи санадҳои  меъёриву  ҳуқуқӣ  барои  дастгирии  оилаҳои  ниёзманд,  модарони  танҳо, кӯдакони ятиму бепарастор ва ғайраҳо;


ташаккули  инфрасохтори  сайёҳӣ  ва тақвияти иқтидорҳои сайёҳии вилоят;


рушди бемайлони истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии рақобатпазир дар вилояти Хатлон;
ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон ва бартараф намудани монеаҳои сунъии маъмурӣ;


раванди  тарбияи  ватандӯстӣ  ва нигоҳдории  ризоияти  ҷомеа  ва  устувории сиёсӣ дар вилояти Хатлон;

пурзӯр  намудани  мубориза  бар зидди  ҷинояткорӣ,  аз  ҷумла  терроризм,  экстремизм  ва  гардиши ғайриқонунии  маводи  мухаддир  ва ҳама  гуна  амалҳои  коррупсионӣ  дар 
вилояти Хатлон;


ҷалби  соҳибкорони  ватанӣ  барои  бунёди  майдончаҳои  варзишии хуштарҳу  замонавӣ  барои  сокинони  шаҳри  Бохтар  ва  дигар  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон;


ҷалби  ҳарчи  бештари  аҳолӣ  ба барномаҳои  омӯзишӣ,  пеш  аз  ҳама, беҳтар намудани дастрасии духтарон ва  занон  ба  таҳсилот,  паст  кардани сатҳи  муҳоҷирати  меҳнатӣ  тавассути фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ;


баланд  бардоштани  сатҳу  сифати  хизматрасонии  тиббӣ  ба  аҳолӣ, ба  меъёрҳои  муқарраргардида мутобиқ  намудани  муассисаҳои соҳа,  мусоидат  намудан  ба  сохтмон, 
навсозии   муассисаҳои  маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, роҳсозӣ, обтаъминкунӣ;


тавассути  амалӣ  сохтани  грантҳо ҳавасмандгардонӣ  ва  дастгирии ҷавонон вобаста ба ташкили хоҷагиҳо ва  корхонаҳои  истеҳсолӣ,  гузариш аз  роҳҳои  анъанавии  истеҳсолот  ба усулҳои  инноватсионӣ  дар  соҳаҳои иқтисодиёти  миллӣ,  бахусус  дар  саноат  ва  кишоварзӣ,  инчунин  таъсиси корхонаҳои муосири саноатӣ, истифодаи  самараноки  захираву  манбаъҳои барқароршаванда бо мақсади ғамхорӣ ба наслҳои ояндаи миллат;


паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим  ба  истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзӣ  бо  роҳи  дастгирии  давлатии  корҳои  илмиву  таҳқиқотӣ  ҷиҳати ба  вуҷуд  овардани  навъҳои  нави зироатҳои серҳосил ва чорвои хушзот;


самаранок  истифода  бурдани заминҳои  корам,  алалхусус  заминҳои 
корами  обӣ,  ба  гардиши  кишоварзӣ ворид  намудани  заминҳои  бекор-хобида  ва  беҳтар  намудани  ҳолати мелиоративии  заминҳои  аз  гардиши кишоварзӣ  берунмонда,  таъмин  на-мудани  рушди  бемайлони  истеҳсоли маҳсулоти  кишоварзии  рақобатпазир, ислоҳоти равандҳои истеҳсолӣ, обёрӣ, заминдорӣ ва идоракунии соҳа, инчунин  зиёд  кардани  ҳиссаи  маҳсулоти кишоварзии  ба  содирот  нигаронидашуда тавассути такмили механизмҳои 
хоҷагидорӣ;


фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккул ва рушди иқтисодиёти деҳот  тавассути  дастгирии  давлатии субъектҳои  бахши  хусусӣ,  инчунин ҷойгиркунии  корхонаҳои  хурду  миё-наи  саноатӣ  бо  дарназардошти  боз ҳам  беҳтар  ва  самаранок  истифо-да  намудани  захираҳои  ашёи  хом, қувваҳои истеҳсолӣ ва дигар имконоту хусусиятҳои минтақа;


баланд  бардоштани  мақоми фарҳанг  дар  ҷомеа,  вобаста  кардани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ба иҷрои  вазифаҳои  муҳими  муайянкар-даи давлат дар самти ташаккули шуури  ҷомеа  дар  руҳияи  ватандӯстиву ватанпарастӣ,  худшиносии  миллӣ  ва ифтихор аз соҳибистиқлолии давлатӣ;


мусоидат ба истифодаи самараноки  замин,  беҳтар  гардонидани  вазъи соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ ва истифодаи мақсадноки об дар вилояти Хатлон;


ба  меъёрҳои  шаҳрсозӣ  мутобиқ гардонидани бинову иншоотҳои сохташаванда  дар  ҳудуди  шаҳру  ноҳияҳои вилоят; 


мусоидат  ба  дастгирии ташаббусҳои соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номус оид ба азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода