Оғози моҳи Рамазон расман эълон шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар Тоҷикистон моҳи Рамазон расман 1-уми март оғоз шуда, сокинон то 30-уми март рӯза хоҳанд дошт. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, зуҳри имрӯз, 25-уми феврал Шурои уламои кишвар ҷаласа баргузор карда, дар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарори дахлдорро қабул кардааст.
Тибқи қарори Шурои уламо, имсол маблағи фитри рӯза, закот ва фидя нисбати соли гузашта бештар шудааст:
- фитри рӯза - 8 сомонӣ (2024 - 7 сомонӣ)
- нисоби закот - аз 36 ҳазор сомонӣ 900 сомонӣ (2024 - аз 35 ҳазору 275 сомонӣ 880 сомонӣ)
- фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ - 480 сомонӣ барои 30 рӯз, барои як рӯз 16 сомонӣ (2024 - 420 сомонӣ барои 30 рӯз, барои як рӯз 14 сомонӣ)
Соли гузашта, моҳи Рамазон 11-уми март оғоз гардида, 10-уми апрел Иди Рамазон таҷлил гардида буд.
Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.
Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.
Паёмбари ислом Муҳаммад (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки “рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад”.
Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад.
Ҳар як инсони савобҷӯ агар дар моҳи шарифи Рамазон бо ризоияти ҷисму рӯҳи хеш хайри худро ба бародарону хоҳарон, хешу таборони наздики ниёзманд, ҳамсоягон, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муҳтоҷон расонад, савоби он дар назди Худованд даҳчанд мегардад.
Дар ҳақиқат, моҳи Рамазон бо фазилатҳои хеш инсонро ба роҳи рост, риояи адолату баробарӣ, бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят мекунад. Аз ҳамин ҷост, ки донишмандон онро беҳтарин мактаби одамият ва худсозии инсон маънидод карда, даъват менамоянд, ки ҳарчи бештар некӣ кунанд, собиру ботаҳаммул бошанд, бо ҳамдигар муносибати хайрхоҳона ва хушбинона дошта бошанд.
Ҳар як фарди мусалмонро зарур аст, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба хотири таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ доим саъю талош карда, ободии Ватан, пешрафти давлат ва осоиши рӯзгори ҳамватанонро қарзи имонии худ шуморад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...