Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 176
![]()
Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти кишвар баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзои Шурои амният, кормандони дастгоҳи Шурои амният, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок намуданд.
Дар ҷаласа вазъи таъмини амну субот, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таҳкими қудрати дифоии давлат баррасӣ шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун, омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки ба баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон, аз худ намудани техникаю таҷҳизоту технологияҳои муосир ва истифодаи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Дастуру супоришҳо вобаста ба пешгирӣ аз ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва қочоқи он, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва мубориза ба онҳо дода шуд.
Оид ба масъалаҳои дар ҷаласаи Шурои амният муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...