Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Беш аз 238 ҳазор тонна семент содирот гардид


Беш аз 238 ҳазор тонна семент содирот гардид



- Дар соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳияи Ёвон ба 4 миллиарду 215 миллиону 360 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба давраи қиёсӣ 137 миллиону 875 ҳазор  сомонӣ  зиёд  мебошад.  Ҳаҷми  истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ  ба  1  миллиарду   779  миллиону  712  ҳазор  сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 2 миллиарду 435 миллиону 648 ҳазор  сомонӣ  баробар  гардид,  -  иттилоъ  дод  Икромиддин Вализода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон.

Икромиддин  Вализода дар  идомаи  нишаст  иттилоъ  дод,  ки  корхонаи  «Хуаксин  Ғаюр  семент»  ба миқдори  121  ҳазору  631 тонна  ва  корхонаи  «Чжунгтсай  Моҳир  семент»  ба миқдори 117 ҳазору 50 тонна,  ҷамъ  238  ҳазору  681 тонна  семент,  ки  маҷмуан маблағи  умумии  212  миллиону  207  ҳазор  сомониро ташкил медиҳад, ба хориҷи кишвар  содирот  гардид,  ки ин мутаносибан 10,2 фоизи сементи  истеҳсолшуда  мебошад. 

Соли  сипаришуда  5 коргоҳи  нави  саноатӣ,  аз ҷумла  коргоҳҳои истеҳсоли дару  тирезаҳои  пластикии ҶДММ  «Муҳаммад  пласт», ҶДММ  «Рустам  пла-стик»,  бомпӯшҳои  оҳанини ҶДММ  «Дидор  сохтмон», истеҳсоли  хишти  ҶДММ «Хиштҳои  сабуки  Ёвон»  ва истеҳсоли  мебели  ҶДММ «Имрон мебел» ба истифода дода шуд. 

Бо  дастгирии  Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии ноҳия саҳми соҳибкорон ва  падару  модарон  бо харҷи  беш  аз  7  миллиону 948  ҳазор  сомонӣ  дар  назди  муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи  умумии  №  6,  18, 28, 42, 48, 49 ва 78 биноҳои иловагӣ барои 2 ҳазору 400 нафар хонанда дар ду баст сохта,  мавриди  истифода  қарор  дода  шуд.  Айни ҳол  бо  истифода  аз  ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар  назди  муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи  умумии № 3, 20, 23, 37, 39, 54 ва 69 сохтмони  биноҳои  иловагӣ иборат аз 60 синфхона барои 3 ҳазор хонанда дар ду баст бомаром идома дорад.


К. БАХТИЁР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода