Даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 2
![]()
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки занону духтарон даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.
Зимни озмун аз ҷониби кадбонуҳои моҳир ороиши дастархони тоҷикӣ бо пешниҳоди таомҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуд.
Иброз гардид, ки миллати тоҷик дар байни дигар халқҳо бо ороиши дастархони миллӣ шуҳрат дорад. Кушодани дастархон анъанаи қадимӣ буда, вазифаи асосии он сарҷамъ кардани аҳли оила ва дӯстон мебошад.
Ҳадафи озмуни «Кадбонуи беҳтарин» тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои миллию маҳаллии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаю ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ дар саросари мамлакат идома дорад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00