Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 23 феврал - иди мардонагӣ ва матонат


23 феврал - иди мардонагӣ ва матонат



Тавре  ки  аз  таърих  огоҳ  ҳастем, дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди  Қувваҳои  Мусаллаҳи  Иттиҳоди Шуравӣ ҷашн гирифта мешуд. 

Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ  барои  Тоҷикистони тозаистиқлол лозим омад, Қувваҳои Мусаллаҳи  худро  таъсис  диҳад,  ки он тавоноии ҳифзи Ватан, таъмини истиқлол  ва  ҳимояи  мардумро  дошта бошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли 1992 Кумитаи дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки  ин  оғоз  ёфтани  раванди  фаъолият  ва  ташкили Гвардияи миллӣ буд. Моҳи декабри соли 1992 Вазорати дифои Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ибтидои раванди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ гардид. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, 23 феврали соли 1993 дар шаҳри Душанбе бори нахуст гузашти низомии Қувваҳои Мусаллаҳ бо мақсади барқарор намудани истиқрори сулҳ ва хотима бахшидан ба ҷанги  шаҳрвандӣ  баргузор  шуд,  ки  ин  сана  дар кишвар  Рӯзи  таъсисёбии  Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз санаи таъсисёбӣ то ба имрӯз, 23 феврал яке аз муҳимтарин ҷашнҳои таърихӣ таҷлил мегардад. 

Ин рӯз иди химоятгарон, иди шараф ва садоқат, иди мардонагиву матонат, иди гиромидошти сарбозону ҷанговароне  аст,  ки  дар  солҳои  ҷангу  душвориҳо хидмат ва дифои Ватанро ба ҷо овардаанд. 

Қувваҳои  Мусаллаҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, имрӯз ба яке аз неруҳои пурқудрат табдил ёфтааст. Ин, албатта, кӯшишу заҳмати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри  таъмини  суботу  амният,  осоиштагии ҳаёти мардум, мустаҳкам кардани марзу буми кишвар мебошад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ,  ҳимояи  марзу  буми  Ватан,  безарар  гардонидани  гурӯҳҳои  террористиву  экстремистӣ, дастаҳои  мусаллаҳи  ҷинояткори  трансмиллӣ  ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона  бар зидди  конститутсионӣ  ва  ҳам  маънавии  шаҳрванд аст.  Вазифаи  муқаддас  будани  ҳифзи  Ватан аз  муқаддасоти  Ватан  бармеояд.  Ҳифзи  Ватан  ҳимояи  ҳудуди  ҷуғрофӣ,  ҳимоя  ва  истифо-даи  оқилонаву  самараноки  боигариҳои  табииро пешбинӣ мекунад. 

Ҳифзи  Ватан  ҳимояи  манфиати  давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиа-вии он аз ҳам ҷудо нестанд. Манфиат, истиқлол, амният  ва  иқтидори  мудофиавии  давлат  бо  Ватан,  ватандорӣ  ва  ватаншиносӣ  алоқаманданд. Ватан бо давлатдории миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, амнияти  давлатӣ  ва  иқтидори  мудофиавии  худ алоқаманд аст. 

Тибқи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  мудофиа»  хизмат  дар  Қувваҳои  Мусаллаҳи Тоҷикистон  вазифаи  фахрии  шаҳрванд  аст. Қувваҳои  Мусаллаҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «сохтори  ҳарбии  давлатӣ  мебошанд,  ки  барои муҳофизати  мусаллаҳонаи  истиқлол  ва  тамомияти  арзии  ҷумҳурӣ  аз  таҷовуз  таъин  гаштааст» (моддаи 17).

Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар заминаи  уҳдадории  умумии ҳатмӣ бо мақсади мудофиаи давлат ташкил мешавад. Мудофиа вазифаи муҳими дав-лат,  халқ  ва  ҳар  шаҳрванд аст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи мудофиа»  зери  мафҳуми мудофиа  «системаи тадбирҳои  сиёсӣ,  иқтисодӣ, иҷтимоӣ,  ҳарбӣ,  ҳуқуқӣ, экологӣ  фаҳмида  мешавад, ки ба таъмини мустақилият, якпорчагӣ  ва  дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳурӣ, ҳимояи манфиатҳои  давлат  ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ равона карда шудааст» (моддаи 1). 

Ҳар як фарди ватандӯст, бояд  дар  қалби  ҷавонон эҳсоси  садоқат  ба  Ватан, ба давлату миллатро бедор намуда,  онҳоро  раҳнамоӣ созанд,  то  хизмати  худро  дар  сафҳои  Артиши миллӣ  сарбаландона  ба ҷо  оранд.  Баҳои  сазовори  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро  ёдрас шудан  бамаврид  аст:  «Хидматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ  ва  ҳайати  шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат  дар  таъмини  сулҳу суботи  устувор,  амнияти давлат  ва  мардум,  таҳкими ваҳдати миллӣ, ки пешрафту  тараққиёти  кишварамон бевосита  аз  онҳо  вобаста мебошад,  нақши  барҷаста ва бузург доранд».

Ҷавонписарон  ихтиёран  ба  хидмати  ҳарбӣ рафта,  пайи  ҳифзи  Ватани  хешанд.  Имрӯзҳо донишҷӯёни мактабҳои оливу  касбӣ  бо  ихтиёри  худ  ба ҳимояи  Модар-Ватан  камар бас-таанд  ва  роҳбарияти донишгоҳу  донишкадаҳо барои  ҳавасманд  намудани  онҳо  имтиёзҳо  муқаррар кардаанд.  Бовар  дорем,  ки парвардагони  мактаби  давлатдории  Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бо  садоқат  ба  Меҳани  хеш марзу  буми  моро  дифоъ мекунанд ва дар оянда шахсони сазовори ҷомеа мегарданд.

З. Қурбонова, 
омӯзгори ДДК ба номи 
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода