Артиши миллӣ -сипари боэътимоди ҳифзи Меҳан
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 4
![]()
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон!
ҳамватанони азиз!
23 феврал аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи даврони Истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб меравад, 32 сол сипарӣ мешавад.
Ба ин муносибат тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳро, ки дар солҳои мушкилу тақдирсоз ҳимояи Истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод таъмин на-муда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми басо арзиш-манд гузошта истодаанд, самимона табрик менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор менамоянд: “Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор карда-анд, ҳамеша пос медоранд”.
Вобаста ба ин, аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ёдовар шудан бамаврид аст, ки баъди яку-ним соли ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ - дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт, таъсис ёфта, хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар давраҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз аз уҳдаи рисолати таърихии худ сарбаландона баромаданд.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки хизматчиёни ҳарбӣ аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф - барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодию соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ба дӯш гирифтанд.
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Хатлон низ дар ин масири ояндасоз аз худ ҷасорату шуҷоат, далериву матонати ватандӯстона нишон дода, дар роҳи садоқати ватандорӣ садҳо нафарашон ҷони худро қурбон намуданд, ки хотираи неки онҳо абадӣ хоҳад монд.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки зарурати ҳалли мушкилоти хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир равона карда, дар ин самт чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст.
Вобаста ба ин, дар ҳудуди вилояти Хатлон низ дар мавзеъҳое, ки ҷузъу томҳои низомӣ ҷойгир мебошанд, ба меъёру тала-боти шаҳрчаҳои ҳарбӣ мутобиқ гардонида шуда истодаанд.
Ҷиҳати дастгирии моддии кормандо-ни сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо назардошти хизматҳои шоистаи кормандони ин ниҳоди қудратманди мамлакат дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастур дода шуд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад. Зарур аст, ки тамоми хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳ ва ғамхории навбатии Пешвои муаззами миллатро қадр намуда, иҷрои вазифаҳои пурмасъул ва масъулияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ таъмин карда шаванд.
Боис ба зикри хос аст, ки дар шароити мураккаби таҳдиду хатарҳои замони муосир ҳифзи марзу буми мамлакат масъулияти асосии хизматчиёни ҳарбӣ буда, дар чунин шароит бояд зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз на-мудани ҳама арзишҳои истиқлоли давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд.
Вазъи зикршуда, инчунин, аз ҳар як хиз-матчии ҳарбӣ маҳорату малакаи муосири касбӣ, ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва миллат, ифтихори ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб мекунад.
Мову Шумо ва насли ҷавони имрӯза бояд бо эҳсоси гарми ифтихор аз давлати соҳибихтиёр ва соҳибистиқлоли худ онро самимона дӯст дорем, бо таъмини волоияти қонун, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ҳар зарраи хоки он ва ҳар ваҷаб замини онро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, ба хотири ободиву шукуфоии ватани маҳбубамон талош намоем.
Аз ин рӯ, ҳамаи афроди низомӣ - аз сарбозони қаторӣ то афсарони олирутба уҳдадоранд, ки ба иҷрои вазифаи бевоситаи худ дар назди Ватан бо масъулияти фарзандӣ ва садоқату эътиқод ба халқи хеш муносибат намоянд.
Таваҷҷуҳ, корбарӣ ва назорати до-имии ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ки солҳои қаблӣ бо мушкилоти зиёд иҷро мешуд, дар ду даъвати охир ҳалли пурраи худро пайдо намуда, нақшаи даъва-ти ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар вилояти Хатлон дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват ба пуррагӣ таъмин карда шуд, ки ин ташаббус минбаъд низ идома дода мешавад.
Мо итминони комил дорем, ки хиз-матчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят вазифаи бошарафу муқаддаси худ - ҳимояи Ватани маҳбубамонро минбаъд низ сарбалан-дона, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.
Бори дигар ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқро ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳамаи Шумо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани маҳбубамон руҳияи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу менамоям.
Шараф ва номуси ватандории мову шумо ин сипари боэътимоди ҳифзи меҳан ва манфиатҳои миллии мо мебошад.
Ҷашни садоқат ва ифтихори ватандорӣ муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...