Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Баргузории даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Сад ранги Чакан" дар ноҳияи Носири Хусрав


Баргузории даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Сад ранги Чакан" дар ноҳияи Носири Хусрав



Дар ноҳияи Носири Хусрав даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Сад ранги Чакан" баргузор гардид, ки дар он ҳунармандон ва дӯстдорони санъати чакандӯзӣ маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.

Чорабинии мазкур бо мақсади ҳифз ва рушди ҳунари чакандӯзӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба мероси ниёгон доир шуд. Дар он ҳунармандон бо маҳсули дастони худ — либосҳо, қолинҳо ва дигар ашёи ороишӣ, ки бо нақшу нигори чакан зебо гардонида шудаанд, ҳузур доштанд.

Ҳайати доварон беҳтарин ҳунармандонро барои ширкат дар даври навбатии озмун интихоб намуда, саҳми онҳоро дар рушди санъати чакандӯзӣ баланд арзёбӣ карданд.

Фестивал-озмуни "Сад ранги Чакан" ҳамчун як иқдоми муҳим дар ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ ҳамасола баргузор мегардад ва ҷиҳати муаррифии ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзанда мегузорад.

Набӣ Саид "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода