Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИНТИХОБОТ-2025


ИНТИХОБОТ-2025



Шаҳрвандоне, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, ҳуқуқи дар интихобот ширкат карданро соҳиб мегарданд.

Шаҳрвандон новобаста ба мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан ва интихоб карданро доранд.

Дар ин маврид ҳама гуна маҳдудиятҳои табақавӣ, маърифатӣ, нажодӣ, этникӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, молу мулк ва ғайра аз байн бардошта мешаванд.

Бояд ба назар гирифт, ки шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, инчунин, шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст додаанд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро надоранд.

Интихобкунанда ҳуқуқ дорад озодона дар овоздиҳӣ иштирок намояд. 

Тибқи меъёри қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳӣ дар интихобот ба таври пинҳонӣ сурат мегирад ва ба изҳори иродаи овоздиҳандагон мудохила намудан манъ аст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода