ИНТИХОБОТ-2025. Доир ба ҷараёни омодагӣ ба интихобот бо ташкилоти ҷамъиятии занон вохӯрӣ доир шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 7
![]()
Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ташкилоти ҷамъиятие, ки дар самти занон фаъолият мекунанд, баргузор гардид.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз намуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Вобаста ба ин Комиссияи марказӣ тасмим гирифтааст, ки оид ба интихобот дар вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо вохӯриҳо баргузор намояд.
Аъзои Комиссияи марказӣ Махфират Хидирзода ва коршиноси комиссия Некрӯз Қодиров оид ба омодагӣ ба интихоботи вакилони халқ ва асосҳои қонунгузории мамлакат дар бораи интихобот ба ҳозирин иттилоъ доданд. Аз ҷумла, Махфират Хидирзода изҳор намуд, ки «дар қонунгузории интихоботии мамлакат ҳуқуқи баробари интихоботӣ барои занону мардон кафолат дода шуда, ягон меъёри маҳдудкунанда дар масъалаи интихоб шудану интихоб кардан мавҷуд нест. Ин нишонаи мавҷудияти баробарии воқеӣ дар татбиқи ҳуқуқҳои интихоботӣ маҳсуб мешавад».
Иштирокдорони вохӯрӣ иброз доштанд ки интихобот воқеан ҳам чорабинии муҳимми сиёсӣ буда, ҳама дар якҷоягӣ кӯшиш мекунанд, ки онро ба иди воқеии ваҳдату иттиҳод ва ягонагию ҳамдилӣ табдил диҳанд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00