Омодагии намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа барои баргузории интихоботи парлумонӣ баррасӣ шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 12
![]()
12 феврал бо мақсади омодагӣ ба баргузории интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти видеоии роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ баргузор гардид.
Зимни нишаст масъалаҳои тадорукотии марбут ба омодагӣ барои ташкил ва баргузории интихоботи парлумонӣ дар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардида, аҳамияти муҳимми ин маъракаи сиёсӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани он ба таври хосса таъкид карда шуд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади мусоидат ба татбиқи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони мамлакат бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар хориҷи мамлакат дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...