Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАРТИБИ ИШТИРОКИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАИ МАҲАЛЛӢ ДАР ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


ТАРТИБИ ИШТИРОКИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАИ МАҲАЛЛӢ ДАР ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН



I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ


1. Тартиби иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ҳамин Тартиб) мутобиқи моддаҳои 8 ва 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», бо назардошти талаботи Конвенсия «Дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2003, № 918 ба тасвиб расидааст ва Ҳуҷҷати ҷаласаи Копенҳаген оид ба омилҳои инсонии Шӯрои амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ШАҲА), ки 29 июни соли 1990 қабул шудааст, таҳия гардида, тартиби иштироки намояндагони воситаҳои ахбори маҳаллиро дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

2. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ фаъолияти худро ҷиҳати расонидани иттилоот ба аҳолӣ дар бораи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва ҳамин Тартиб анҷом медиҳанд.
3. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром ва риоя намоянд.
 
II. БАҚАЙДГИРИИ НАМОЯНДАГОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАИ МАҲАЛЛӢ ДАР ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

4. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ барои амалӣ намудани фаъолият дар раванди интихобот бояд дархости воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ, нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳодатномаи намояндаи воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва нусхаи иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатиро, ки барои фаъолият кардани воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ дода шудааст, барои бақайдгирӣ пешниҳод намоянд. 

5. Воситаҳои ахбори оммаи маҳаллии ҷумҳуриявӣ ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирии намояндагони худ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва воситаҳои ахбори оммаи маҳаллии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирии намояндаи худ бояд ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур созанд. 
6. Қабули ҳуҷҷатҳои воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ барои бақайдгирӣ 20 рӯз пеш аз интихобот анҷом меёбад ва дар асоси натиҷаи санҷиши ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ шаҳодатномаи шакли муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дода мешавад. Шаҳодатномаи мазкур ба намояндаи воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ҳуқуқ медиҳад, ки давраи омодагӣ ва гузаронидани интихоботро инъикос намояд. 

7. Фаъолияти намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ баъди гирифтани шаҳодатномаи мазкури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегардад. 

8. Дар воситаҳои ахбори омма интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, маълумоти бардурӯғ, ки шаъну эътибори номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро паст мезанад, ҳамчунин дахолати намояндагони воситаҳои ахбори омма ба кори комиссияҳои интихоботӣ манъ мебошад. 
 
III. ФАЪОЛИЯТИ НАМОЯНДАГОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАИ МАҲАЛЛӢ ДАР ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

9. Дар мавриди боздид кардан бо талаби аъзои комиссияи интихоботӣ намояндаи воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ вазифадор аст шаҳодатномаи шакли муқарраргардида, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва намояндагиашро аз воситаҳои ахбори омма пешниҳод намояд. 
10. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ҳуқуқ доранд: 

  - дар ҷаласаҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштиро кнамуда, фаъолияти онҳоро инъикос намоянд;

- дар участкаҳои интихоботӣ, бинои овоздиҳӣ, аз ҷумла ҳангоми гузаронидани овоздиҳӣ, ҳисоби овозҳои интихобкунандагон, муқаррар намудани натиҷаҳои овоздиҳӣ ва интихобот ҳузур дошта бошанд. 

11. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ҳуқуқ надоранд:

- ҳангоме, ки интихобкунандагон дар бюллетенҳои интихоботӣ қайдҳои худро мегузоранд, дар ҳуҷраи овоздиҳӣ ҳозир бошанд;
- ба интихобкунандагон таъсир расонанд, ягон навъи мавод ё адабиёти таблиғотиро паҳн намоянд;

- нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни баргузории овоздиҳӣ афзалиятеро баён намоянд;

- аз интихобкунандагон ба тарафдории кӣ овоз додани онҳоро пурсанд;

- ба интихобкунандагон бюллетенҳои интихоботиро супоранд;

- бо хоҳиши интихобкунанда барои гирифтани бюллетен имзо гузоранд;

- амале содир намоянд, ки махфӣ будани овоздиҳиро халалдор созад;

- дар ҳисоби бюллетенҳо, ки аз тарафи аъзои комиссияи участкавии интихобот анҷом дода мешаванд, бевосита иштирок намоянд;

- амале содир намоянд, ки ба кори комиссияи интихоботӣ монеъ шавад;

- ҳангоми қабули қарори комиссияи дахлдори интихоботӣ иштирок намоянд.

12. Аз ҷониби намояндаи воситаҳои ахбори омма ба таври ғайриқонунӣ паҳн кардани ҳама гуна маводу адабиёти таблиғотӣ, ҳамчунин интишори натиҷаи пурсиши афкори омма, пешгӯии натиҷаҳои интихобот ва дигар тадқиқоти марбут ба интихоботи дар пешистода дар рӯзи интихобот ва як рӯз пеш аз он мамнуъ мебошад. 

13. Ҷараёни акс ва наворбардорӣ набояд махфияти овоздиҳиро халалдор созад ва иродаи овоздиҳандагонро таҳти назорат қарордиҳад. Аз ин лиҳоз намояндаи воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ аксгирӣ ва наворбардориро бояд дар участкаи интихоботӣ дар ҷойи пешакӣ муқарраршуда бо огоҳ кардани интихобкунандагон ва дигар иштирокчиёни раванди интихобот анҷом диҳад. Аксу наворбардорӣ бояд бидуни вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ, паст задани шаъну шарафи иштирокчиёни ҷараёни интихобот ба сомон расонида шавад. 

14. Ҳангоми фаъолият дар раванди интихобот суиистифода аз озодии сухан ва озодии воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла даъвати зӯран ба даст овардани ҳокимият, зӯран тағйир додани сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани тамомияти арзии давлат, даъватҳои ба таблиғи ҷанг нигаронидашуда, амалҳои дигари террористӣ ё зӯроварӣ, ки ҳисси бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, этникӣ ва диниро ба миён меоранд, манъ аст. 

15. Дар ҳолати аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ вайрон карда шудани талаботи қонунгузорӣ, аз ҷумла инъикоси яктарафаи раванди интихобот, гумроҳ кардани интихобкунандагон ва дигар субъектони раванди интихобот, паҳн кардани маводи сохта, беасос ва ё бардурӯғ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва ё комиссияи ҳавзавии интихобот мувофиқан қарорро дар бораи бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ бекор намуда, шаҳодатномаи додашударо беэътибор мекунад.

16. Дар ҳолате, ки намояндаи воситаи ахбори оммаи маҳаллӣ ба кори комиссияи интихобот халал расониданӣ шавад ё ба ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон мамониат кунад, ҳамчунин ба овоздиҳии пинҳонӣ халал расониданӣ шавад, раиси комиссияи участкавии интихобот ҳуқуқ дорад намояндаи воситаи ахбори оммаи маҳаллиро аз бинои овоздиҳӣ хориҷ намояд. 
 
 
Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2024, № 21 тасдиқ шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода