Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ ОМОДАГИИ ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ БА КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ


БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ ОМОДАГИИ ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ БА КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ



Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ҷомӣ бо омодагии техникаи кишоварзӣ барои оғози кишту кори баҳорӣ шинос гардида, техникаҳои кишоварзӣ аз санҷиши техникӣ гузаронида шуданд.

Раиси вилояти Хатлон бо хоҷагидорон суҳбат намуда, оид ба банду басти мошинҳои кишоварзӣ, ҷобаҷогузории дурусти қисмҳо ва пунбашинонаку тухмипошакҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар хатти тайёр зиёда аз 100 адад техника ва 30 адад тухмипошакҳо омода буданд.

Зимни боздид аз техникаи кишоварзӣ ба механизаторон, хоҷагидорон ва масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки то оғози кишту кор техникаи заруриро тибқи қоидаҳои агротехникӣ ба кор омада созанд.


Заҳматкашони вилояти Хатлон бо истифода аз тавсияи мутахассисони соҳа ва анҷом додани кишти дилхоҳ зироат дар муҳлатҳои пешбинишуда ҳамасола ҳосили фаровон ба даст меоранд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода