Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ ФЕРМАИ ПАРВАРИШИ ПАРРАНДА


БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ ФЕРМАИ ПАРВАРИШИ ПАРРАНДА



Имрӯз, 18 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи ба номи Нусратулло Махсуми Ҷамоати деҳоти «Вахшон»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои фермаи парвариши паранда шинос шуданд.

Бо мақсади дар амал татбиқ татбиқ намудани дастуру супоришҳои ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат оид ба самараноку оқилона истифода бурдани замин ва фароҳам овардани шароити корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи давлат дар асоси қарори раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз соли 2007 хоҷагии деҳқонии «Бобои Гулӣ» дар масоҳати умумии қитъаи замин 4,5 гектар ташкил карда шуда, дар заминаи он дар масоҳати 960 метри мураббаъ сохтмони фермаи парвариши паранда барои 10 ҳазор сар мурғ ба анҷом расонида шуд.

Масоҳати умумии зери сохтмони иншоот 960 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки дар ин замина корҳои сохтмонӣ, чароғонкунӣ, ниҳолшинонӣ, гулу гулбуттаҳо ва шинонидани ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ ҷиҳати ободу зебо гардонидани муҳити атроф дар доираи нақша идома дорад.

Аснои шиносоӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба соҳибкор барои саҳми арзанда гузоштан дар ободии диёр изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ва рушди соҳаи паррандарварию моҳипарварӣ шароити лозимаро фароҳам овардааст, дар ин росто танҳо масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ метавонад дар самти ба даст омадани муваффақиятҳои баланд замина гузорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода