БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ГАРМХОНАҲОИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ЯХАКПАСТ»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 33
![]()
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии «Яхакпаст», ки ба парвариши қулфинай машғул аст, боздид намуданд.
Тибқи маълумоти додашуда, 52 гармхона зери роҳбарии Амирулло Акобиров фаъолият дошта, аллакай ҳосили онро ба бозор баровардаанд. Ҳар гармхона 7 метр паҳноӣ ва 40 метр дарозӣ дорад.
Ба иттилои деҳқонон, соли равон истеҳсоли қулфинай нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта хуб арзёбӣ гардида, 1 килои он ҳоло дар бозор то 90 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни боздид аз гармхонаҳо рушди соҳаи кишоварзӣ ва ташкили чунин иншоотро омили муҳими таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи худӣ маънидод намуда, барои густариши фаъолияти минбаъдаву афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар гармхона ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...