Раиси вилоят аз бахши кишоварзии Вахш дидан кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 114
![]()
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари корӣ аз фаъолияти кишоварзони ноҳияи Вахш шиносоӣ пайдо намуда, дар Ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ”-и ноҳия аз кооперативи тиҷоратӣ-тухмипарварии "Нуфузи Вахш" дидан намуданд. Дар ин бора шуъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ба қавли манбаъ, кооперативи мазкур дорои 54 гектар замини корами обӣ буда, дар майдони 3 гектари он картошка кишт намуда, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Инчунин, хоҷагидор имсол дар майдони 46 гектар кишти пунбадона мегузаронанд.
![]()
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зикр дошт, ки дар низоми иқтисодии минтақа бахши кишоварзӣ афзалияти хоса дорад. Аз ин рӯ, ба масъулони ноҳиявӣ дастур дод, ки ба бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
“Хатлон”
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...