Наҷоти се кӯҳгард дар ноҳияи Дӯстӣ: онҳо роҳи поин омаданро намеёфтанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 160

Дӯстӣ, 15 феврал – Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) дар вилояти Хатлон се кӯҳгардро, ки дар кӯҳҳои ноҳияи Дӯстӣ раҳгум зада буданд, наҷот доданд.
Ба гуфтаи масъулони КҲФ, рӯзи 14 феврал, тахминан соати 20:43, ба қисми навбатдорӣ хабар расид, ки се узви як оила аз деҳаи Энгелси ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр роҳи бозгаштро намеёбанд.
Гурӯҳи наҷот бо истифода аз таҷҳизоти махсус ҷустуҷӯро оғоз карда, дар соати 00:50 дақиқаи 15 феврал онҳоро пайдо намуданд ва ба маҳалли бехатар расонданд.
КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳангоми кӯҳгардӣ масирҳои бехатарро интихоб кунанд ва қабл аз сафар бо қоидаҳои кӯҳгардӣ шинос шаванд, то аз ҳолатҳои хатарнок пешгирӣ шавад.
Сарчашма: КҲФ Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...