Хатлон дар масири рушд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 164
![]()
Фишурдаи нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилояти Хатлон дар соли 2024
Дар соли 2024 маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 42,8 миллиард сомонӣ баробар гардид. Суръати рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ 8,3 банди фоизӣ таъмин шуда, ҳиссаи он дар таркиби маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 27,9 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 ба андозаи 6,2 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Андоз
Нақшаи қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104,7% таъмин гардида, ба буҷет 2,8 миллиард сомонӣ ворид карда шудааст. Ин рақам нисбат ба дурнамо 122 миллион сомонӣ ва дар қиёс ба соли 2023 ба андозаи 350 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Молия
Ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 3,8 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, аз он 3,4 миллиард сомонӣ ё 90% ба соҳаҳои иҷтимоӣ (маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) равона карда шудааст.
Савдо ва хизматрасонии пулакӣ
Гардиши мол ба 18,7 миллиард сомонӣ (нисбат ба дурнамо 116,8%) ва ҳаҷми хизматрасонӣ ба 3,1 миллиард сомонӣ (нисбат ба дурнамо 111%) расонида шуд, ки дар муқоиса нисбат ба соли 2023 мутаносибан 125,1% ва 121% зиёд мебошад.
Савдои хориҷӣ
Дар соли 2024 гардиши савдои хориҷӣ 480 миллиону 56 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод.
Содироти мол ба 248 миллиону 862,2 ҳазор доллар расида, нисбат ба соли 2023-юм 16 миллион доллар зиёд мебошад. Содироти мол дар муқоиса бо во-ридот 17,7 миллион доллари ИМА зиёд мебошад.
Сармоягузорӣ
Дар вилоят 51 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхуд-шуда 1,99 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар соли 2024 ба вилояти Хатлон 7,2 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 4,3 миллион доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ, ба вилоят 1 миллиарду 548,3 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 1 миллиарду 477,7 миллион доллари он сармояи мустақими хориҷӣ мебошад.
Таъсиси ҷойҳои нави корӣ
Соли 2024 дар вилоят 71250 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст (иҷрои дурнамои солона 115 фоиз). Аз ҷумла аз ҳисоби шахсони воқеӣ 63856 ҷойи корӣ ва 7394 ҷой аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ.
Аз ҳисоби баргузории 330 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ 4809 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардида, дар умум 6092 нафар шаҳрвандон бо шуғл фаро гирифта шудаанд.
Ба ҳолати 01.12.2024 дар вилоят музди миёнаи меҳнат ба 1801,26 сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли 2023-юм 17,8% афзоиш ёфт.
Кишоварзӣ
Дар давраи ҳисоботӣ ки-шоварзони вилояти Хатлон дар самти истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 39,2 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши он ба 109,6% расонида шуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 3,4 миллиард сомонӣ зиёд аст.
Ҳиссаи вилоят дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ 52,9%-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, афзоиш дар бахши растанипарварӣ 27,4 миллиард сомонӣ (112,6%) ва чорводорӣ 11,8 миллиард сомонӣ (103,2%) таъмин гардид.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 434 ҳазор гектар кишти асосии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, иҷрои дурнамо 106,6 фоиз таъмин гардид. Инчунин, дар майдони 133,4 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, иҷрои дурнамо 103 фоизро ташкил медиҳад.
Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ҳолати мелиоративии 3179 гектар замин беҳтар гардонида шуда, 790 гектар замини аз гардиш берунмонда (аз он 313 гектар боир) ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 1,1 миллион тонна ғалладонагиҳо, 2,1 миллион тонна сабзавот, 880 ҳазор тонна полезӣ, 164,6 ҳазор тонна пахта, 250,6 ҳазор тонна картошка, 366,0 ҳазор тонна меваҷот, 132 ҳазор тонна ангур, 248,0 ҳазор тонна гӯшт, 605,0 ҳазор тонна шир, 181 миллион дона тухм, 6200 тонна пашм, 200 тонна пилла, 1233 тонна асал ва 3826 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст. Дар ин давра суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 103,5 то 171 фоиз таъмин гардид.
Ҷиҳати таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат дар вилоят дар майдони 1387 гектар гармхонаҳо кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 45274 тонна сабзавот истеҳсол карда шуд.
Ҷиҳати рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар талу теппаҳои бо нами таъмини шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 287 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, 207 гектар боғу токзори куҳна барқарор карда шуд.
Саноат
Дар соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12,5 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли 2023-юм 903,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар корхонаҳои саноатии вилоят 25137,2 тонна гӯшт ва каллапоча (102,6%) ва 619,5 тонна ҳасибу ҳасибчаҳои гӯштӣ (109,2%), 2198,1 тонна маҳсулоти шири холис (102%), 17509,1 тонна равғани растанӣ (105,8 %), истеҳсоли консерва 33926 ҳазор қуттии шартӣ (101,4%), 15583,8 тонна коркарди намаки ошӣ (105,1%), 1557,2 тонна маҳсулоти қаннодӣ (103,9%), 707,9 тонна маҳсулоти макаронӣ (140,5%), 93496,6 декалитр обҳои ташнагишикан (109,7%), 1710,3 ҳазор дона либоси мактабӣ (103,4%), 4050,3 ҳазор метри мураббаъ матои трикотажӣ (172,4%), 252,3 тонна сӯзишвории дизелӣ (169,1%), 106 тонна электрод (8,5 баробар), 2478 ҳазор дона гаҷи кардонӣ (2,9 баробар), 20248,3 тонна оҳаки бинокорӣ (3,2 баробар), 2823,6 тонна ғӯррагаҷ (16,7 маротиба), 8021,2 дона мебел (168%), 23,6 ҳазор дона миз (34 баробар), 21 ҳазор донна курсӣ (15 баробар), 18693,4 миллион квт/соат қувваи барқ (102,5%) истеҳсол шудааст.
Аз ҷониби соҳибкорон 89 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки шумораи умумии онҳо ба 874 адад расид.
Сохтон
Соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба соҳаи сохтмон дар ҳаҷми 3,45 миллиард сомонӣ маблағҳо равона карда шудааст, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 111,2%-ро ташкил дод.
Корҳои сохтмону васлкунӣ бошад, ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ иҷро шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,8 банди фоизӣ зиёд аст.
Бо дарназардошти иншоотҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 3,4 маротиба зиёд мебошад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1663 иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки 134,1% нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Аз 6260 иншооти ҷашнии банақшагирифташуда 4068 биною иншоот ба маблағи умумии 3,3 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 65 фоизи нақшаи чорабиниҳои пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои ви-лоят 155 иншооти соҳаи маориф (муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ) - дорои 1123 синф-хона барои 28150 ҷойи нишаст дар як баст ва дар ду баст барои 56300 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Лозим ба зикр аст, ки айни замон дар 34 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилоят сохтмони 185 синфхона барои 4625 ҷойи нишаст дар як баст (дар ду баст 9250 ҷойи нишаст) идома дорад.
Бо мақсади фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсил дар вилоят 11 (ноҳияи Данғара 3 адад ва шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар Кӯшониён, М.С.А. Ҳамадонӣ, А. Ҷомӣ, Темурмалик, Ҷайҳун – 1-ададӣ) муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, ду муассисаи томактабии хусусӣ (дар Бохтар ва Балҷувон барои 240 нафар) мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар соҳаи тандурустӣ 49 адад муассисаҳои соҳа ба маблағи зиёда аз 282 миллион сомонӣ ва 36 иншооти соҳаи варзиш (варзишгоҳҳои марказӣ, майдончаҳои варзишии кушода ва болопӯшида, ҳавзҳои шиноварӣ) сохта ба истифода дода шудааст.
Нақлиёт ва роҳ
Ҳаҷми боркашонӣ ба 47,9 миллион тонна (112,5%) ва мусофирбарӣ ба 214,7 миллион нафар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023 ҳаҷми боркашонӣ 5,3 миллион тонна ва ҳаҷми мусофирбарӣ 41 миллион нафар зиёд мебошад.
Дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят 2939,6 километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 287,7 километр мумфарш, 423,8 километр сангфарш, 2228,1 километр таъмири ҷорӣ ва 170 адад пулу қубурҳо бо маблағи умумии 254 миллион сомонӣ таъмир гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 62,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Қайд кардан лозим аст, ки аз шумораи роҳҳои таъмиру таҷдидшуда бо саҳми соҳибкорон 275,1 километр мумфарш, 348,2 километр сангфарш ва 44 адад пулу қубур ба маблағи 200 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Маориф
Дар 1401 муассисаи таълимии вилоят 900 ҳазору 598 нафар хонандагон, аз он ҷумла 436 ҳазору 252 нафар духтарон дар соли хониши 2024-2025 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Шумораи умумии омӯзгорон 48 ҳазору 263 нафар, аз он ҷумла занон 29 ҳазору 613 нафар аст. Дар ин давра теъдоди омӯзгорон 1061 нафар, аз ҷумла занон 2295 нафар зиёд шудааст.
Нисбат ба соли 2023 дар муассисаҳои таълимӣ шумораи хонандагон 33413 нафар, аз ҷумла 17772 нафар духтарон ва дар муассисаҳои томактабии хусусӣ теъ-доди кӯдакон 18570 нафар зиёд шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 177 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 21319 нафар ва 1268 Маркази рушди кӯдак бо фа-рогирии 84144 нафар кӯдакон фаъолият дошта, дар маҷмуъ, фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдак 105 ҳазору 463 нафар аст. Фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва маркази инкишофи кӯдакон аз 21%-и соли гузашта ба 24,7% расонида шуд.
Соли 2024 хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, 446 медал ба даст оварданд. Аз ин шумора 54 нафар медали тилло, 165 нафар медали нуқра, 227 нафар медали биринҷиро сазовор гардидаанд, ки нисбати соли 2023-юм 61 медал зиёд аст.
Соли 2024 даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони синфҳои 5 то 11 аз рӯйи 13 фанни таълимӣ баргузор гардида, дар он 1361 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят иштирок ва 541 нафар соҳиби медалҳои ифтихорӣ, аз он 14 медали тилло ва 52 медали нуқра гардиданд.
Тандурустӣ
Имрӯз дар ҳудуди вилоят 4 адад беморхонаи шаҳрӣ, 22 адад ноҳиявӣ, 60 адад рақамӣ ва 17 беморхонаи деҳотӣ фаъолият доранд. Инчунин, шумораи стансияҳои ёрии таъҷилӣ 28 адад, дигар марказҳои тиббӣ 259 адад, муассисаҳои КАТС 1248 адад, шумораи бунгоҳҳои саломатӣ 769 адад, нуқтаҳои тиббӣ 53 адад ва тибби оилавӣ 4 адад, беморхонаҳои вилоятӣ 2 адад, беморхонаи сироятӣ 2 адад, беморхонаи сил, таваллудхона, муассисаҳои хусусии тиббӣ 174 адад ҳисоб шудааст.
Фарҳанг
Дар соҳаи фарҳанги вилоят 286 адад муассисаҳои клубӣ, 492 китобхона, 35 адад боғҳои фарҳангӣ-истироҳатӣ, 18 осорхона, 29 мактаби бачагонаи санъат, 12 ансамбли халқии тарона ва рақс, се театри касбӣ, 5 театри халқӣ, се ансамбли касбии вилоят, филармонияҳои халқии дар ноҳияҳои М. С. А. Ҳамадонӣ, Кӯшониён ва Восеъ дар хизмати шаҳрвандон қарор доранд.
Ҷавонон ва варзиш
Шумораи ҷавонони вилояти Хатлон 1 миллиону 68 ҳазору 654 нафар ҳисоб шудааст, ки аз он духтарон 531,1 ҳазор нафар мебошанд.
Шумораи варзишгарон 18398 нафар, аз онҳо бонувон 2610 нафар ме-бошанд. Онҳо дар 1392 гурӯҳи машқӣ ба обутоби бадан машғуланд.
Дар вилоят шумораи майдончаҳои варзишӣ ба 3211 адад, толори варзишӣ ба 580 адад, варзишгоҳ ба 40 адад, ҳавзҳои шиноварӣ ба 40 адад, маҷмааи варзишӣ ба 11 адад ва иншоотҳои махсуси варзишӣ (фитнес, тир ва ғайра) ба 231 адад расидааст.
Варзишгарони вилоят соли гузашта дар 190 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 1217 медали тилло, 1055 медали нуқра, 1393 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 3665 медал гардидаанд, ки нисбат ба як сол пеш 259 медал бештар мебошад.
Рушди сайёҳӣ
Дар ҳудуди вилоят 933 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 121 меҳмонхона, 139 мавзеъи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 142 тарабхона, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ, 128 чойхона, 371 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 50 ҳомстей ва гестхаус, 240 мабрази сарироҳӣ, 69 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 зиёратгоҳ, 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо, 80 ишораи сарироҳӣ ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Тибқи маълумоти масъулони шаҳру ноҳияҳо, ба вилояти Хатлон ба ҳолати то 31 декабри соли 2024, дар умум, 623927 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ташриф овардаанд, ки 72637 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...