ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мулоқоти намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бо интихобкунандагон


Мулоқоти намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бо интихобкунандагон




Имрӯз тибқи нақшаи кории Комиссияи ҳавзаи якмандатаи Бохтар” №26  дар толори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар мулоқоти роҳбарон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Бохтар 26 пешбари шуда бо интихобкунандагони шаҳрҳои БохтарЛевакант ва ноҳияи Кӯшониён доир гардид.

Чорабиниро Амонулло Ашурзода, раиси Комиссияи ҳавзаи якмандатии интихоботии Бохтар №26 ифтитоҳ кард.

Сипас, Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Шаҳбози Аброр, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ғиёсиддин Ашурзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Меъроҷ Абдуллоев,  Раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Муртазо Аҳмадзода, муовини раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон  ва  Саидзода Ҷамшед Ҳамро, намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баромад карда, ба интихобкунандагон барномаҳои пешазинтихоботии хешро муаррифӣ карданд.




Маврид ба ёдоварист, ки дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Бохтар №26 оид ба интихоботи  вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки аз ҳисоби 5 нафар шахсони номзадиашон пешниҳодшуда, 4 нафари онҳо ба қайд гирифта шудаанд. 

Дар идома, баъди муаррифии ҳолнома, номзадҳои бақайдгирифташуда Ализода Зафари Аҳмадҷон аз ҲИИТ, Аминзода Тоҷиддин Ҳасан аз ҲХДТ, Қушов Баҳриқул аз ҲКТ ва Нарзуллоева Муаззама Зувайдовна  муаррифӣ гардиданд.  

Комрони БАХТИЁР,
Аҳадуллои МИРЗОАЛӢ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода