ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » “Хона ба хона” – усули корбурди фардӣ


“Хона ба хона” – усули корбурди фардӣ



Дар  вилояти  Хатлон  чорабинии  тарғиботию оммафаҳмонӣ бо усули корбарии фардии “Хона ба хона” баргузор карда мешавад. Дар ин бора амри раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз 4 феврали соли 2025, таҳти №2, ба тасвиб расидааст.

Чорабинии  мазкур  бо  мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, хурофотпарастию  ифротгароӣ, пӯшидани  либосҳои  ба  фарҳанги миллии  мо  бегона,  фаро  гирифтани  ҷавонону  наврасон  ба донишандӯзию  касбомӯзӣ,  дуруст ба  роҳ  мондани  таълиму  тарбия, ҷалби  ҷавонони  синни  даъватӣ ба  сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  баланд  бардоштани  ҳисси  худшиносӣ  ва  ифтихори ватандории ҷавонон, арҷ гузоштан ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, тозаю озода нигоҳ доштани манзили  зист,  деҳаву  маҳалла, кӯчаю  хиёбонҳо  ва  ба  ин  васила  сазовор  истиқбол  гирифтани ҷашни  умумимиллии  35-солагии Истиқлоли  давлатӣ  дар  тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят доир мегардад.

Тибқи  амри  раиси  вилоят, роҳбарони  шаҳру  ноҳияҳо,  ташкилоту  муассисаҳои  дахлдор, ҷамоатҳои  шаҳраку  деҳот  вази-фадор  карда  шудаанд,  ки  ҷиҳати дар  сатҳи  баланд  баргузор  намудани  мулоқоту  вохӯриҳо  тадбир  андешида,  гурӯҳҳои  кориро аз  ҳисоби  кормандони  масъули соҳаҳои  фарҳанг,  илму  маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, кор бо  занон  ва  оила,  асноди  ҳолати шаҳрвандӣ,  дин  ва  танзими  ҷашну маросим,  васояту  парасторӣ,  адибону  рӯзноманигорон,  олимону эҷодкорон,  собиқадорони  меҳнат ва фаъолони ҲХДТ таъсис диҳанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода