Наврӯзи байналмилалӣ дар Хатлон бо шаҳомати хос таҷлил мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 123
![]()
Ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол дар шаҳри Бохтар бо шаҳомати хос ва баргузории барномаи рангини театрикунонидашуда таҷлил мешавад. Дар ин хусус қарори дахлдори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба имзо расид.
Дар арафа ва рӯзҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Хатлон якчанд чорабинӣ, аз ҷумла ҳашарҳои дастаҷамъона, Фестивали вилоятӣ таҳти унвони “Либоси миллӣ – осори тамаддуни ҷаҳон”, аксияҳои тарғиботии “Тоҷикона мепӯшем”, “Ин ватанро мо – ҷавонон сабзу хуррам мекунем”, “Зебо ватан дорам”, гузоштани ангораҳои наврӯзӣ дар майдону гулгаштҳо, ташкили намоиши “Файзи Наврӯз” бо дастовардҳои кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, оростани дастархони “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин”, ҳаннодӣ ва таомҳои миллӣ, баргузории маҳфилҳои наврӯзӣ бо даъвати олимону адибон дар шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ, дастхобонӣ, бандкашӣ, шоҳмот, консертҳои идона бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз ва дигар барномаҳои фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил гардида, дар доираи он чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ, аз қабили корвони шодиёнаи наврӯзӣ, барномаи рангини театрӣ, барномаҳои консертӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ бо шаҳомати хосса доир мегарданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...