Футбол як самти муҳимми рушди варзиш дар вилояти Хатлон аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 99
![]()
Фишурдаи суханронии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар мулоқоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо аҳли ҷомеаи футболи кишвар
шаҳри Душанбе, 3 феврали соли 2025
Соҳаи варзиш дар сиёсати имрӯзаи давлат яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок ба шумор рафта, мусоидати ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пеш-вои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонӣ, инкишоф ва амалӣ шудани Барномаҳои давлатӣ дар ин соҳа нақши муносиб гузошта истодааст.
Ҳамасола санаи 25 май таҷлил намудани «Рӯзи ҷаҳонии футбол», ки соли 2024 бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид ва ин мужда аз ҷониби мухлисони футбол ва дар умум, мардуми ҷаҳон, хуш пазируфта шуд, ба рушди футболи касбӣ мусоидат намуда истодааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои сифатноки протоколи мулоқоти Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон тадбирандешӣ намуд.
Бояд қайд кард, ки мулоқоти муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шахсони масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон ва намояндагони доираи соҳибкорони кишвар ба рушди соҳаи футболи мамлакат, аз ҷумла вилояти Хатлон такони ҷиддӣ бахшид. Бинобар ин, барои таваҷҷуҳу дастгириҳои пайваста дар самти рушди футбол дар вилояти Хатлон ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, хоса сарвари он муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори сипосу миннатдории тамоми варзишгарон ва мухлисони футболи вилоятро мерасонам.
Дар заминаи дастуру супоришҳои мазкур давоми соли сипаригардида барои фаъолияти дастаҳои футболи лигаи олӣ, якум, дуюм ва таъмири варзишгоҳҳо, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, дар маҷмуъ, 38,7 миллион сомонӣ равона гардид, ки нис-бат ба соли 2023-юм 22,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ, барои рушди соҳаи варзиши вилояти Хатлон соли сипаригарди-да 170 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ гардида, аз ин 47 миллион сомонӣ ба рушди футбол равона карда шуд, ки 28 фоизи маблағгузории соҳаи варзиши вилоятро ташкил медиҳад.
Давоми соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба соҳаи футбол 52 миллион сомонӣ (таъмир ва нигоҳдории дастаҳо) масраф гардида, дар муқоиса ба соли 2023-юм 37 миллион сомонӣ ё 3,7 баробар зиёд мебошад. Соли гузашта барои фаъолияти мактабҳои варзишии вилоят, ки 38 ададро ташкил менамояд, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 131,1 миллион сомонӣ, барои нигоҳдории дастаҳои футбол 25,9 миллион сомонӣ, барои таъмири варзишгоҳҳо 12,8 миллион сомонӣ ва дар умум 170 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Аз ин маблағ 47 миллион сомониаш ба рушди футбол равона гардид. Қобили қайд аст, ки аз аз ҳисоби сарпарастон барои нигоҳдории дастаҳо 13,2 миллион сомонӣ ва барои таъмир 1,5 миллион сомонӣ, ҳамагӣ 14,7 миллион сомонӣ дастгирии молиявӣ сурат гирифтааст.
Ҷиҳати зиёд намуданибуҷаи дастаҳо, беҳтар намудани ҳолати варзишгоҳҳо ва майдонҳои варзишӣ дар доираи “Барномаи рушди футбол барои солҳои 2022-2026” аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар соли 2025 беш аз 50 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вило-ят дастаҳои футбол фаъолият менамоянд. Дар мавсими футболи соли 2025 дар Чем-пионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 5 даста - “Вахш”-и Бохтар, “Равшан”-и Кӯлоб, “Ҳосилот”-и Фархор, “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ ва “Ҳулбук”-и Восеъ дар сатҳи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд, ки нисбат ба соли 2024 як даста зиёд мебошад. Соли 2024 аз вилояти Хатлон дар сатҳи ҷумҳурӣ дар лигаи олӣ аз 12 даста 4 даста (“Равшан” ҷойи 3-юм, “Вахш” ҷойи 5-юм, “Ҳосилот” ҷойи 8-ум, “Панҷшер” ҷойи 11-ум), дар лигаи якум аз 13 даста 6 даста (“Ҳулбук” ҷойи 1, “Моҳир” ҷойи 3-юм, “Сомон” ҷойи 4-ум, “Саройкамар” ҷойи 7-ум, “Сарҳадчӣ” ҷойи 11-ум, “Файзканд” ҷойи 13-ум) ва дар лигаи дуюм 19 даста иштирок намуданд.
Қобили зикр аст, ки барои нигоҳдории дастаҳои “Вахш”-и Бохтар, “Равшан”-и Кӯлоб, “Ҳосилот”-и Фархор аз ҳисоби буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар соли сипаригардида 18,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Инчунин, барои дастгирии дастаҳои футбол, бахусус “Равшан”, “Вахш”, “Моҳир”, “Сомон”, “Ҳулбук”, “Норак” ва “Боғбунёд” аз ҷониби сарпарастон 11,2 миллион сомонӣ иловатан маблағгузорӣ карда шуд.
Соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва соҳибкорони ватанӣ 40 иншооти варзишӣ бо маблағи 54 миллион сомонӣ бунёд гардид, ки 31 адади онро майдончаҳои варзишии футбол ташкил медиҳад. Аз ҷумла, варзишгоҳи марказии шаҳри Норак бо маблағи зиёда аз 37 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ азнавсозӣ гардида, дар ноҳияи Данғара бошад, варзишгоҳи замонавӣ барои 2000 ҷойи нишаст бо маблағи зиёда аз 2,4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ сохта ба истифода дода шуд.
То ба имрӯз дар вилояти Хатлон теъдоди варзишгоҳҳо ба 40 адад ва майдончаҳои варзишии футбол ба 3211 адад баробар шуд, ки нисбат ба соли 2023 шумораи майдончаҳои варзишӣ 29 адад зиёд мебошад. Дар пайравӣ ба ташаббусҳои бу-нёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани варзишгоҳи марказии “Вахш-Арена”-и шаҳри Бохтар бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар, корҳои таъмиру тар-мим ва азнавсозӣ ба маблағи 9 миллион сомонӣ идома дошта, дар соли 2024-ум 2 миллион сомонӣ аз буҷети вилоят ва 4 миллион сомонӣ аз буҷети шаҳри Бохтар маблағгузорӣ гардид. Дар соли 2025 бошад, 2 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ва 1 миллион сомонӣ аз буҷети шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шудааст, таъмири ҷойи либосивазкунӣ, ҳаммом, ҳуҷраи доварон, панҷарабандии гирду атрофи майдони футбол ва насби наволавҳа ба анҷом расонида шуд. Боқимонда корҳо то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба анҷом расонида мешавад.
Инчунин, таъмиру тармими варзишгоҳҳои ноҳияҳои Данғара, Фархор, Восеъ, Панҷ ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ ба анҷом расида, корҳои лоиҳакашӣ ҷиҳати азнавсозии варзишгоҳи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ноҳияи Шаҳритус барои 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Соли 2024 марҳилаи аввали корҳои таъмиру тармими варзишгоҳи марказии ноҳияи Ёвон ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ ба анҷом расида, то оғози мавсими футбол корҳои боқимонда ба итмом расонида мешаванд. Аз ҳисоби буҷети ноҳия дар соли 2025-ум 83850 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар майдонҳои варзишии нави ноҳияи Восеъ барои 20 ҳазор ҷойи нишаст, ноҳияи Ш.Шоҳин, Ҷамоати деҳоти “Кангурт”-и ноҳияи Темурмалик барои 6 ҳазор ҷойи нишаст ва азнавсозии майдони варзишии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои 10 ҳазор ҷойи нишаст давом доранд.
Ҳамзамон, вобаста ба беҳтар сохтани инфрасохтори соҳа дар соли ҷорӣ таъмиру азнавсозии варзишгоҳҳои марказии ноҳияҳои Кӯшониён (ба маблағи 2 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоят), Вахш (ба маблағи 4,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ), Ҷалолиддини Балхӣ (ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳал) ва Ховалинг (100 ҳазор сомонӣ) аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.
Соли 2024 барои нигоҳдории дастаи футболи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар лигаи олӣ бозӣ дорад, 3 миллион сомонӣ масраф гардида, дар соли ҷорӣ 2,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пурра ба таъмиру азнавсозӣ ниёз дорад.
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди 261 иншооти соҳаи варзиш ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора ба ҳолати 1-уми январи соли ҷорӣ 90 иншоот сохта ба истифода дода шуданд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар 68 иншооти дигар ҷараён дошта, ҷиҳати сохтмони 103 иншооти варзишӣ корҳои лоиҳакашӣ идома доранд.
Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди минбаъдаи варзиш ва омма-вигардонии он миёни наврасону ҷавонон дар доираи таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ бо усулҳои “Деҳа ба деҳа”, “Маҳалла ба маҳалла” ва ташкилоту муассисаҳо дар сатҳи дастаҳои вилоятӣ 1778 адад мусобиқа бо фарогирии 257810 нафар гузаронида шуд.
Баҳри таъмини оммавияти футбол дар вилоят байни дастаҳои лигаи дуюм Ҷоми вилояти Хатлон байни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, сохторҳои қудратӣ, Ҷоми Раиси вилоят, Ҷоми раисони шаҳру ноҳияҳо ва чеҳраҳои хизматнишондода ва Ҷоми “Дӯстӣ”, барои ноҳияҳои кӯҳистон мусобиқаҳои футбол низ ташкилу баргузор карда шуд. Дар марҳилаи ҷумҳуриявии футболи “Деҳа ба деҳа” дастаи “Деҳварз”-и ноҳияи Кӯшониён соҳиби ҷойи аввал гардид. Дар даври ҷумҳуриявии “Лигаи футболи донишҷӯён” футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби мақоми аввал ва дастаи футболи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб мақоми сеюмро соҳиб шуданд.
Соли гузашта дар вилоят “Лигаи футзал”-И донишҷӯён таъсимс дода шуда, соли ҷори 7- даста аз Муасисиаҳои олии касбии вилоят миёни ҳам рақобат менамоянд.
Футболи духтарона низ дар вилоят сол то сол рушд ёфта, 18 даста дар марҳилаи ҷумҳуриявӣ шарафи футболи вилояти Хатлонро дар се категорияи синнусолӣ ҳифз намуданд (то 15-сола – 7 даста, то 17-сола – 7 даста ва Лигаи бонувон - 4 даста). Дастаҳои духтаронаи “Вахш”-и шаҳри Бохтар, “Равшан”-и Кӯлоб, “Панҷшер”-и Ҷ. Балхӣ, “Бешкент”-и ноҳияи Носири Хусрав, “Ҳосилот”-и Фархор, “Зебо” ва “Ҷиликӯл”-и ноҳияи Дӯстӣ, “Пахтакор”-и Қубодиён, “Тахти Сангин”-и Шаҳритус фаъол буданд. Боиси ифтихор аст, ки дар ҳамаи син-ну соли дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон байни бонувон 35 нафар (дастаҳои синни 15-сола 12 нафар, 17-сола 4 нафар, дастаи мунтахаб 13 нафар, 20-сола 6 нафар) аз вилояти Хатлон шомиланд, ки шарафи футболи мамлакатро дар сатҳи байналмилалӣ ҳимоя менамоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба рушди футболи кӯдакону наврасон низ диққати махсус зоҳир менамояд. Қайд кардан зарур аст, ки дар назди мактабҳои варзишии вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо 209 гурӯҳи футболи кӯдакону наврасон, аз ҷумла 23 гурӯҳи футболи духтарона фаъолият намуда, наврасон ҳамарӯза ба машқу тамрин машғул мебошанд. Дар ин самт барои нигоҳдории гурӯҳҳои варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 739 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст.
Соли 2024 дар мусобиқаҳои риштаи футбол байни дастаҳои аз 12-сола то 18-сола 98 даста миёни ҳам рақобат карданд, ки нисбат ба соли 2023-юм 11 даста зиёд мебошад.
Дастоварди дигари соҳа ин аст, ки дар соли гузашта 2 мактаби махсуси футбол дар вилоят - шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб таъсис дода шуд. Теъдоди мактабҳои махсу-си футбол дар вилоят ба 3 адад (Бохтар, Кӯлоб, Ёвон) ва шумораи варзишгарон ба 300 нафар расид. Тасмим дорем, ки дар ду минтақа Кӯлоб ва Бохтар мактабҳои махсуси футболро таъсис диҳем.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят якҷо бо Федератсияи футболи вилоят минбаъд низ барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш, бахусус пешрафти футбол, тадбирҳои муҳим ва самарабахшро дар сатҳи зарурӣ амалӣ менамоянд.
Бо итминон метавон гуфт, ки бо татбиқи чораҳои зарурӣ ва ҳамкории судманди ҳамаи ҷонибҳо, футболи вилоят ба як самти намоёни рушди варзиш табдил хоҳад ёфт ва натиҷаҳои он боиси ифтихор ва сарфарозии ҳамагон хоҳад шуд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...