ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст


Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст




Миллати соҳибфарҳанг ҳамон миллатеро  метавон  гуфт,  ки дар  раванди  инкишофи  ҷомеаи башарӣ бо дастовардҳои муҳиму таъсиргузор  ҳувияти  таърихии худро такмил дода, бо беҳтарин равиш  намунаҳои  шоистаи дастовардҳоро  дар  баробари ҷаҳониён ба намоиш гузоштааст.

Аммо  мушкили  асосӣ адами  огоҳии  пурра  аз таърихи  инкишофи  фарҳангу  тамаддун, ба  сурати  куллӣ,  падидаҳои  ҷудогонаи фарҳангӣ мебошад. Дар ин радиф гуфтан ба маврид аст, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи  вилояти  Хатлон  аз  12  декабри  соли 2024, таҳти №720, соли 2025 дар қаламрави вилояти Хатлон “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон гардидааст. 

Китоб  ва  ба  сурати  куллӣ  ҳамаи навиштаҳо,  махсусан  китоби  бадеӣ,  ба  инсон ҳам дониш ва ҳам ахлоқи некуву писан-дидаро  меомӯзад.  Аз  омӯзишҳои  ахлоқии китобҳо  аҳли  мутолиа  чизҳои  зиёдеро  аз зиндагӣ  ва  оқибати  корҳо  меомӯзанд,  ба мисли  падидаҳои  ҷолиби  табиат  ва  муносибати  одамон  ба  онҳо,  тазодҳои  зиндагӣ, арзишҳои инсонӣ, пиндору гуфтору кирдори нек,  мубориза  ва  талош,  таҷрибаи  рӯзгор, панду  андарзҳои  ҳосил  аз  зиндагӣ,  фарқ карда тавонистани неку бад.

Масъалаи муҳими дигар интихоби китоб барои мутолиа аст. Дар назари аввал, агар имкон бошад, ҳар як сатри ба даст омадаро  хондан  мумкин  аст.  Аммо,  агар  хонанда  ба  мутолиаи  китоб  одат  кунад,  худаш мустақилона интихоб кардани китоби мутолиа мекардаашро ёд мегирад. Инчунин, барои мутолиа аз маслиҳату машварати аҳли мутолиа ва пешниҳодҳои нафарони гуногун ҳам истифода кардан мумкин аст. Китобҳои хуб  захираҳои  бебаҳои  ақлу  хирад,  нуқтаи назарҳои  мухталиф,  бозёфтҳо,  ҳофизаи таърихӣ ва тафаккуру ҷаҳонбинӣ ҳастанд, ки аз насл ба насл мегузаранд ва барои нависандагони  баъдӣ  ҳамчун  сарчашмаву  манбаи  офариниш  хизмат  мекунанд.  Китобҳои хуб сабаб мешаванд, ки боз китобҳои ҷадид офарида шаванд ва ба ин восита, анъанаи навиштану  ҳифзу  интиқоли  дониш  аз  насл ба насл идома пайдо мекунад. 

Мутолиаи китоби бадеӣ барои ҳамаи намояндагони  касбу  кори  гуногун,  махсусан ҷавонон,  амрест  зарурӣ,  лозимаи  рӯзгори бошууронаи  инсони  худогоҳ, тарбияи  насли бомаърифату  фаъоли ҷомеа. Китоб ҳамвора  ҳамдами ҳамешагии  инсон буд  ва,  ҳамчунон, боқӣ хоҳад монд.

Аниса ЁРАСЕНОВА, 
мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор  бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Дӯстӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода