Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Нақши пиряхҳо дар муҳити зист


Нақши пиряхҳо дар муҳити зист



Бо  ташаббуси  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ соли 2025  -  «Соли  байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид. 

Ин  иқдом  аҳамияти  бузург  дошта,  ба ҳалли  мушкилоти  марбут  ба  тағйирёбии иқлим ва таъмини амнияти обӣ нигаронида шудааст. Дар робита ба ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид изҳор доштанд: «Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад…

Ҷомеаи  ҷаҳонӣ  хуб  дарк  мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад  аҳли  башарро  ба  фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст,  ки  барои  ҳалли  ин  масоили  глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд».

Пиряхҳо  яке  аз  сарчашмаҳои  асосии оби ошомиданӣ ба ҳисоб мераванд ва дар танзими иқлим нақши муҳим мебозанд. Дар Осиёи  Марказӣ,  бахусус  дар  Тоҷикистон, ки  кишвари  дорои  захираҳои  фаровони обист,  обшавии  босуръати  пиряхҳо  метавонад таъсири ҷиддӣ расонад.

Бояд қайд намуд, ки тағйирёбии иқлим боиси  обшавии  босуръати  пиряхҳо  ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мегардад.  То  имрӯз  аз  14  ҳазор  пиряхи Тоҷикистон,  ки  сарчашмаи  асосии  оби ошомиданӣ дар минтақа мебошанд, зиёда аз як ҳазораш пурра об шуда, суръати обшавии онҳо рӯ ба афзоиш аст.

Ин  дар  ҳолест,  ки  бориш  ва  пиряхҳои Тоҷикистон  то  60  фоизи  манбаи   ташаккулёбии захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи захираҳои обӣ пайваста талош намуда, як қатор ташаббусҳои муҳимро пешниҳод кардааст.

Эълони соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии  ҳифзи  пиряхҳо»  идомаи  ин иқдомҳо  буда,  ҳадафи  асосии  он  баланд бардоштани  сатҳи  огоҳии  ҷомеаи  ҷаҳонӣ ва андешидани чораҳои амалӣ мебошад.

Ҳифзи  пиряхҳо  –  ҳифзи  зиндагӣ  ва ояндаи  инсоният  аст.  Ин  мушкил  танҳо ба  Тоҷикистон  ё  Осиёи  Марказӣ  рабт  надорад,  балки  масъалаи  глобалӣ  мебошад.  Аз  ин  рӯ,  ҳамкории  байналмилалӣ ва  иштироки  фаъолонаи  кишварҳо  дар ҳалли ин масъала аҳамияти бузург дорад.

Кибриё НАЗАРОВА,
омӯзгор аз шаҳри Левакант

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода