Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ДАЙРИ БУДДОИИ АҶИНАТЕППА ДИДАН НАМУД


РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ДАЙРИ БУДДОИИ АҶИНАТЕППА ДИДАН НАМУД



Имрӯз, 4 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Ҷамоати шаҳраки "Зарнисор"-и ноҳияи Вахш дар маъракаи ниҳолнишонӣ иштирок намуданд.

Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, раиси вилояти Хатлон бо шинондани аввалин ниҳол ба ин маъракаи кабудизоркунӣ ҳусни оғоз бахшида, масъулинро ба тавсеаи маъракаи ободониву сарсабзгардонӣ дар ҳудуди ноҳия даъват намуданд.

Инчунин, раиси вилоят аз нахустин ёдгории буддоӣ дар Осиёи Миёна – Дайри Буддоии Аҷинатеппа боздид намуда, барои ободонӣ ва шинонидани дарахтони ороишӣ дар атрофи он ба масъулин дастур доданд.

Сипас, дар ҷамоати мазур раиси вилоят аз хоҷагии пиллапарвар дидан намуда, дарахти тут шинониданд.

Тибқи иттилоъ хоҷагӣ дорои 5 гектар замин буда, хоҷагидор аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳудуди 5000 дарахти тут оварда шинонидааст.

Бояд зикр намуд, ки то имрӯз дар вилояти Хатлон 401020 бех дарахт шинонида шудааст, ки 80,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода