Чаро оилаҳо ҷудо мешаванд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 0
Оила пояи асосии ҷомеа аст, ки дар он муҳаббат, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ бояд ҷой дошта бошад. Аммо ҷудошавии оилаҳо боиси мушкилоти зиёди иҷтимоӣ ме-гардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шаҳри Бохтар дар соли 2024-ум 138 ҳолати пошхӯрии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2023-юм 29 ҳолат кам бошад ҳам, барои пешгирии ин раванд, бояд сабабҳо ва роҳҳои ҳалли он ҷустуҷӯ карда шавад.
Яке аз сабабҳои асосии ҷудошавӣ нофаҳмӣ ва муоширати нодуруст миёни ҳамсарон аст. Вақте ки ҳамдигарфаҳмӣ аз байн меравад, баҳсу муноқишаҳо зиёд мешаванд, ки ин метавонад сабаби ҷудоӣ гардад.
Муносибати беэҳтиромона ва беарзиш шуморидани эҳсосоти якдигар низ омили дигари ихтилофҳо мебошад. Агар ҳамсарон якдигарро нашиносанд ва омода набошанд, ки дар вақти душвор ҳамдигарро дастгирӣ кунанд, муҳаббат ва самимият дар муносибати онҳо суст мешавад.
Нақши вазъи иқтисодӣ дар ҷудошавии оилаҳо низ муҳим аст. Норасоии маблағ ва душвориҳои зиндагӣ аксар вақт боиси муноқишаҳои пайдарпай мегардад. Ҳамсарон бояд дарк кунанд, ки мушкилоти моддӣ як давраи гузаранда аст ва танҳо бо саб-ру таҳаммул ва кӯшиши муштарак ҳал мешавад.
Як сабаби дигари ҷудошавӣ дахолати шахсони сеюм ба зиндагии оилавӣ мебошад. Вақте ки хешовандон ё дигар шахсон ба ҳаёти ҳамсарон таъсири манфӣ мерасонанд, ин метавонад боиси нофаҳмӣ ва нооромӣ гардад. Аз ин рӯ, ҳар як оила бояд мустақилу озод бошад ва қарорҳои муҳимро бо ҳамдигарӣ қабул намояд.
Оқибатҳои ҷудошавии оилаҳо асосан ба фарзандон таъсири манфӣ мерасонанд. Кӯдаконе, ки дар муҳити ноором ба воя мерасанд, аксар вақт мушкилоти равонӣ ва иҷтимоӣ доранд. Онҳо метавонанд худро бе муҳофизат эҳсос кунанд, аз камбуди меҳру муҳаббати падару модар ранҷ баранд ва дар оянда бо душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ шаванд.
Барои пешгирии ҷудошавии оилаҳо бояд фарҳанги оиладорӣ баланд бардошта шавад. Пеш аз издивоҷ, ҳамсарон бояд якдигарро хуб шиносанд, арзишҳои якдигарро эҳтиром кунанд ва барои зиндагии муштарак омода бошанд. Муоширати самаранок ва фаҳмидани эҳсосоти якдигар омили муҳими пойдории оила мебошад.
Бахшидани якдигар ва таҳаммулпазирӣ низ нақши муҳим дорад. Ҳар як инсон метавонад иштибоҳ кунад, аммо омодагӣ барои ислоҳи он ва бахшидани ҳамдигар метавонад муносибатро наҷот диҳад. Агар мушкилие пайдо шавад, хуб аст, ки ҳамсарон кӯшиш кунанд, онро бо оромӣ ва мулоимӣ ҳал намоянд.
Муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром калидҳои асосии устувории оила мебошанд. Танҳо бо саъю кӯшиши муштарак ва иродаи қавӣ метавон оилаи мустаҳкам ва хушбахтро нигоҳ дошт.
Пешгирӣ намудани вайроншавии оилаҳо омилест, ки бо вуҷуди фаъолияти дастаҷамъӣ хостан, баъзе нозукиву вижагиҳои худро дорад. Аввал ин ки биёед фарзандонамонро дар руҳияи инсондӯстиву ғамхор будан нисбати ҳамдигар, арзиши оиларо дарк кардану дар пастиву баландиҳои рӯзгор босабр буданро омӯзонем.
Вақте онҳо дар оила ботаҳаммул ба воя мерасанд, дар ҳаёти мустақили оилавӣ низ ҳамин хислати худро нигоҳ медоранд ва аз санҷишҳои зиндагӣ рӯ ба гурез ниҳода, роҳи халосиро дар ҷудоӣ намеҷӯянд.
Баъдан, биёед нисбати ҳаёти ҳамдигар бепарво набошем. Зеро бетарафӣ бадтар аз гуноҳ аст. Оила арзиши муқаддас аст ва устувории давлату ҷомеа аз устувории оилаҳои он вобастагии зиёд дорад.
Ҳуронбӣ Мирсайзода,
мудири бахши САҲШ-и шаҳри бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...