Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯҲОИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ВА ДӮСТӢ


САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯҲОИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ВА ДӮСТӢ



Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади боздид аз раванди омодагӣ ба кишти баҳорӣ ва корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстӣ сафари корӣ анҷом дод.

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ раиси вилоят аз хоҷагии тухмипарварии ба номи Сафар Ҷумъаев боздид намуда, бо ҷараёни шудгори заминҳои кишти пахта шинос шуд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ин хоҷагӣ дар масоҳати 1 974 гектар фаъолият дошта, дар мавсими кишти баҳорӣ дар 1 180 гектар навъҳои тухмии хушсифат ва ба иқлими минтақа мутобиқ кишт хоҳанд шуд. Айни замон заминҳои пахтазор пурра аз ғӯзапоя тоза шуда, шудгори хушсифат бо техникаҳои пуриқтидор бомаром идома дорад. То имрӯз дар ин хоҷагӣ зиёда аз 400 гектар замин шудгор ва барои кишти баҳорӣ омода гардидааст.

Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки айни ҳол шудгори заминҳо дар ҳама ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо суръати баланд ҷараён дорад.

Дар идомаи сафари корӣ Давлаталӣ Саид аз варзишгоҳи "Панҷшер"-и ноҳия боздид намуд. Тибқи маълумоти масъулин, ин варзишгоҳ ба таъмиру азнавсозӣ ниёз дошта, ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест. Ба масъулини ноҳия ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш супориш дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳ лоиҳаи нави варзишгоҳро бо тарҳи замонавӣ омода ва пешниҳод намоянд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки варзишгоҳи "Панҷшер" бояд то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пурра навсозӣ ва мавриди истифода қарор гирад.

Дар ноҳияи Дӯстӣ низ корҳои ободониву сабзкорӣ бомаром идома дошта, дар Ҷамоати деҳоти "Деҳқонобод" бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва масъулини маҳаллӣ ниҳолҳои нодири ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ шинонида шуданд. Ин иқдом бо пуштибонии васеи сокинон ва иштирок дар ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ сурат гирифт.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба роҳбарияти ноҳияи Дӯстӣ ва сохторҳои ҳифзи муҳити зист дастур дод, ки нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашударо таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, то фарорасии баҳор ва таҷлили Наврӯз муҳити зистро боз ҳам сабзу хуррам ва зеботар гардонанд. Дар ҳашари ниҳолшинонӣ, дар баробари дигар навъҳои дарахтон, ҳамчунин ниҳоли павловния, ки ба иқлими минтақа мутобиқ аст, шинонида шуд.

Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон аз раванди рангубори бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия боздид намуд. Иншооти мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки исломии рушд ва мусоидати мақомоти маҳаллӣ бунёд гардида, рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешавад.

Лоиҳаи бинои шуъбаи маориф сеошёна буда, дорои 12 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва се ҳуҷраи хобгоҳ мебошад. Ҳамзамон, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва шарикони рушд сохтмони 3 бинои нави таълимӣ ва бинои шуъбаи маориф идома дошта, дар назди 10 муассисаи таълимӣ 53 синфхонаи иловагӣ бо саҳми соҳибкорон ва сокинон бунёд мешавад. Дар соли 2024 як муассисаи нави таълимӣ ва 8 синфхонаи иловагӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, бо назардошти омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сокинон ва соҳибкорони ватандӯст иқдом гирифтаанд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар ободониву сабзкорӣ саҳм гузоранд ва симои шаҳраку деҳотро боз ҳам зеботар намоянд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода