Боздиди раиси вилояти Хатлон аз сохтмони бинои таълимии Коллеҷи тиббии Бохтар ва иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз раванди сохтмони бинои таълимии назди Муассисаи давлатии таълимии "Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар" боздид намуд. Ҳадафи ин сафар шиносоӣ бо ҷараёни корҳо ва таъмини иҷрои босифати лоиҳа буд.
Раиси вилоят зимни боздид ба масъулон супоришҳои мушаххас дода, таъкид кард, ки сохтмони беморхона бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда анҷом дода шавад. Ин бино барои беҳтар намудани шароити тиббӣ ва таъмини хизматрасонии босифати тандурустӣ ба сокинон муҳим арзёбӣ мешавад.
Ҳамчунин, дар ҳудуди Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Ин ташаббус бо мақсади сабзу хуррамгардонии муҳити муассисаи таълимӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии шаҳр роҳандозӣ шудааст.
Мақомоти маҳаллӣ ва донишҷӯёни коллеҷ дар ин маърака фаъолона иштирок намуда, даҳҳо ниҳоли сояафкану мевадиҳанда шинонданд. Тавре зикр гардид, чунин иқдомҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00