Ба инсон дилсӯз бошем – ҳамин аст рисолати инсонӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 58
Соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ яке аз муҳимтарин бахшҳои ҷамъият аст, зеро он ба эҳтиёҷоти табақаҳои осебпазир равона шудааст. Ин кормандон бо дилгармӣ, муҳаббат ва масъулияти баланд ба афроди пиронсол, маъюбон, ятимон, оилаҳои камбизоат ва дигар гурӯҳҳои ниёзманд кумак мерасонанд.
Дар солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд дода, шароити фаъолияти кормандонро беҳтар месозад. Лоиҳаҳо ва барномаҳои нави иҷтимоӣ роҳандозӣ гардида, дастгирии моддӣ ва маънавии аҳолии ниёзманд афзун мегардад.
Иди касбии кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – ин на танҳо рӯзи эътирофи заҳматҳои ин қишри аҳолӣ, балки рӯзест, ки моро водор месозад дар бораи инсонгароӣ, шафқат ва масъулият фикр кунем.
Маҳаки асосӣ ва қувваи пешбарандаи ин соҳа кормандони иҷтимоӣ мебошанд, ки бо меҳру муҳаббат барои ҳимоя ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа хизмат мекунанд. Имрӯз месазад, ки аз меҳнати пуршарафу пурсавоби онҳо ёдовар шуда, ба хизматҳои беминнати онҳо арҷ гузорем.
Корманди иҷтимоӣ шахсест, ки вазифааш кумак ва дастгирии маънавӣ, равонии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла пиронсолон, маъюбон, ятимон ва оилаҳои камбизоат мебошад.
Ӯ нафарест, ки бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии шаҳрвандон фаъолият мекунад ва кӯшиш менамояд, ки зиндагии онҳоро беҳтар созад. Корманди иҷтимоӣ ҳар рӯз бо одамоне рӯ ба рӯ мешавад, ки ба муҳаббат, дастгирӣ ва умед ниёз доранд. Ӯ на танҳо мушкилоти моддиро бартараф месозад, балки ба шахс умед медиҳад, ки ба оянда бо боварӣ назар кунад. Ин заҳмат сабр, фаҳмиш ва дилсӯзии бузургро талаб мекунад.
Кори кормандони иҷтимоӣ гуногунҷабҳа аст. Аз ҷумла пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ-маишӣ, дастгирии равонӣ ва машваратҳои равоншиносӣ, ёрӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ, хизматрасониҳои иҷтимоӣ-тиббӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ-педагогӣ. Яъне фаъолияти кормандони иҷтимоӣ баҳри беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии шахсони ба ҳолати душвори зиндагӣ рӯ ба рӯ гардида ва ба ҷомеа ворид сохтани онҳо нигаронида шудааст.
Имрӯзҳо кормандони иҷтимоӣ ба пайвандгари муҳими байни давлат ва мардум табдил ёфтаанд. Онҳо бо талошҳои худ кӯшиш мекунанд, ки ҷомеа одилона ва ҳамгиро бошад. Маҳз ҳамин инсонҳо муҳаббат ва шафқатро дар миёни мардум эҳё мекунанд.
Ҳар як корманди иҷтимоӣ арзандаи эҳтиром ва сипосгузорист. Онҳо бо дили бузург ва садоқати беандоза кори худро иҷро мекунанд.
Бо истифода аз минбари рӯзномаи “Хатлон” ба ҳамаи кормандони иҷтимоӣ саломатӣ, бурдборӣ ва муваффақиятҳои бешумор орзу мекунем. Шумо намунаи беҳтарини инсонгарӣ ҳастед ва ҷаҳони мо бо шумо зеботар аст.
Ҷумахон Нигматов,
директори Маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Левакант
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...