БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ШУҒЛИ ФОСИЛАВӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 12
Имрӯз, 23 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар Маркази шуғли фосилавиро ифтитоҳ намуд.
Дар маросими ифтитоҳи марказ ҳамчунин раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва сафири Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Раймундас Кароблис ширкат варзиданд.
Дар ин марказ имконияти шуғли фосилавӣ ва таҳкими малакаҳои рақамӣ барои ҷавонони шаҳр пешниҳод карда мешавад.
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, ҳадафи таъсиси марказ дар шаҳри Бохтар тавонмандсозии ҷавонон тавассути фароҳам овардани имконияти шуғли пурмазмун ва мусоидат ба рушди малакаҳои зарурӣ барои муваффақ гардидан дар бозори имрӯзаи меҳнат мебошад.
Бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ин марказ барои тарғибу ташвиқи имкониятҳои шуғли фосилавӣ, рушди саводнокии рақамӣ, ба ҷавонони Тоҷикистон омӯзонидани малакаҳои зарурӣ барои бозори меҳнати зудтағйирёбанда мусоидат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки дар Марказҳои шуғли фосилавӣ зиёда аз 7000 нафар ҷавонон аз саросари Тоҷикистон аз омӯзиш гузашта, малакаҳои заруриро аз худ намудаанд, то ин ки ҳамчун қувваи корӣ вориди бозори меҳнати рақамӣ гарданд. Ҳоло тақрибан 3000 нафар наврасон ва ҷавонон тавассути ин марказҳо ҷойи кор пайдо кардаанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...