ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 32
Имрӯз, 24 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи корӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, муовини якуми раис, раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва роҳбарони сохторҳои марбутаи вилоятӣ дар минтақа фаъолияткунанда иштирок намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2024 баён гардиданд, суханронӣ намуданд.
Раиси вилоят оид ба дастовардҳо дар соҳаҳои саноат, иҷтимоиёт, роҳу нақлиёт, фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб ва рушди сайёҳӣ маълумот доданд.
Гуфта шуд, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тибқи нақша дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 6260 иншоот пешбинӣ гардида, дар умум зиёда аз 3,5 ҳазор биною иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Танҳо дар соли 2024, 1240 иншооти таъиноти гуногун бо таъсиси садҳо ҷойи корӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласаи корӣ аз ҷониби раиси вилоят аз масъулони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб вобаста ба масъалаҳои мубрами давлатӣ ва хизматӣ пурсиш ба амал оварда шуда, оид ба ҳалли онҳо дастуру супоришҳо дода шуд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилоят масъалаҳои кишти пахта, аз ғӯзапоя тоза намудани заминҳо, интихоби тухмии босифати ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, обтаъминкунӣ, яхобмонӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ, кишти баҳорӣ, мубориза бар зидди малах, баргузории ҷашни Сада, соҳаи саноат, супоридани андоз, омодагӣ ба даъвати баҳории наваскарон, нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сифати иншооти ҷашнӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳо тариқи телевизион ва дигар расонаҳо, баргузории озмуну маҳфилҳо бахшида ба Соли фарҳанги китобхонӣ ва соҳаҳои маориф ва тандурустиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи вилоятӣ бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки барои истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, бахусус, пахта ва ғалладонагиҳо ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00