Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Туҳфаи маърифатӣ аз рӯзномаи "Хатлон" ба китобхонаи вилоятӣ


Туҳфаи маърифатӣ аз рӯзномаи "Хатлон" ба китобхонаи вилоятӣ




Дар доираи пешниҳоди Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, аз 12.12.2024, №720 дар бораи «Соли фарҳанги китобхонӣ» эълон кардани соли 2025 дар қаламрави вилояти Хатлон имрӯз кормандони рӯзнома бо роҳбарии сармуҳаррир Маъмурзода Носирҷон  ба Муассисаи давлатии китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварданд.

Зимни боздид, кормандони рӯзнома на танҳо аз бойгонии китобхона дидан намуданд, балки варақаҳои узвияти худро низ имзо намуда, тасмим гирифтанд, ки дар баробари корҳои эҷодӣ аз ин боргоҳи маърифат низ ғизои маънавӣ бардоранд.

Дар доираи ин иқдом, тими эҷодии рӯзнома бо роҳбарияти китобхона мулоқот анҷом дода, дар бораи аҳамияти китобхонӣ ва ҳамкорӣ дар рушди маърифати ҷомеа табодули афкор карданд. Кормандони рӯзнома зикр намуданд, ки мутолиаи китоб яке аз муҳимтарин роҳҳои рушди шахсият ва густариши донишу маърифат дар ҷомеа мебошад.

Ҳайати рӯзнома инчунин бо туҳфаҳои арзишманд ба китобхона омаданд. Онҳо як қатор китобҳои таҳияшудаи рӯзномаро, аз қабили “Маърифати ҳуқуқӣ”, “Олиҳаи меҳр”, “Асосҳои таҳлили матни журналистӣ” ва зиёда аз 300 шумораи махсуси рӯзномаро ба китобхона тақдим намуданд.

Н. Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзнома  изҳор дошт, ки чунин иқдомот на танҳо барои баланд бардоштани нуфузи китобхона, балки барои таҳкими фарҳанги китобхонӣ дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард. Вай таъкид намуд, ки бо чунин ташаббусҳо метавон ҳисси масъулиятшиносӣ ва шавқу ҳаваси мутолиаро дар ҷомеа афзун кард.

Ин ташаббус гувоҳи он аст, ки рӯзномаи "Хатлон" дар баробари фаъолияти эҷодӣ, инчунин барои пешрафти маърифати миллӣ саҳми назаррас мегузорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода