ҶАШНИ САДА РАМЗИ ГИРОМИДОШТИ ОЙИНИ НИЁГОН АСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 62
Паёми шодбошии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати Ҷашни Сада
Ҳамдиёрони арҷманд!
Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар рушду такомули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: “Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид”.
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор рафта, рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқ ба солшумории мелодӣ ба поёни рӯзи 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд.
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.
Аз ин рӯ, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷашни Садаро дар тамоми ҷумҳурӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб сокинони меҳнатқарини вилоятро ба муносибати таҷлили ҷашни Сада табрик гуфта, дар оғози фарорасии бедоршавии табиат ва истиқболи нуру гармӣ барояшон саодатмандиву хушрӯзиро таманно менамоям.
Ҷашни Сада, ки як замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, дар заминаи сиёсати фарҳангпарварона ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пойдории Истиқлоли давлатӣ дубора эҳё ва шукӯҳу шаҳомати худро миёни мардум барқарор намуд.
Маврид ба зикри хос аст, ки 6-уми декабри соли 2023 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамфарҳанг номинаҳои «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид, ки ифтихори ҳар яки мо ба шумор меравад.
Тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, инчунин сокинон аз ҳавлию хонаҳо ашёи фарсудаву партовҳоро берун карда, ба вусъат бахшидани корҳои ободонию тозагӣ машғул мешаванд, либоси тоза ба бар мекунанд, зиёфати хонаводагӣ ва ё суфраи ҷашни Садаро бо гузоштани меваҷот, донагиҳо, хушкмеваҳо, тайёр кардани обмева ва хӯрокиҳои дигар аз анвои орди гандумӣ, ҷавӣ, нахудӣ оро медиҳанд.
Яке аз унсурҳои дигари иди Сада баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ дар боғҳои истироҳатӣ ва ташкили намоиш-фурӯши ниҳолу дарахтон, гулу гулбуттаҳо ба шумор рафта, ба ин васила мардум ба корҳои ободонӣ, вусъати маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ бештар ҷалб мешаванд.
Ба хотири пайванди дӯстию рафоқат ба хонаи ҳамсояҳои худ рафта, ба ниёзмандон ба қадри имкон ҳадя мефиристанд. Ин амали эҳсонкорию саховат, ҷавонмардию фурутанӣ ва дастгирии ниёзмандон аз фарҳанги пешдодиёни миллати мо сарчашма мегирад.
Ҷашни Сада чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон, муждае аз наздик расидани баҳор, гиромидошти ойини ниёгон ва бузургдошти Хуршед истиқбол гирифта мешавад.
Соли 2024 вилояти Хатлон дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, шароити зиндагии халқ дар қиёс бо солҳои пешин беҳтар гардид. Сафарҳои кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар доираи он ба истифода додани даҳҳо иншооти муҳимми таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ, маъмуриву маишӣ, саноативу кишоварзӣ бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ аз дастовардҳои назарраси сол арзёбӣ мешаванд.
Кишоварзони вилоят соли гузашта тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд.
Соли сипаригардида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 39,2 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши он ба 109,6% расонида шуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 3,4 миллиард сомонӣ зиёд аст.
Вобаста ба ин, ҳиссаи вилоят дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ 52,9%-ро ташкил дода, аз ҷумла, афзоиш дар бахши растанипарварӣ 27,4 миллиард сомонӣ (112,6%) ва чорводорӣ 11,8 миллиард сомонӣ (103,2%) таъмин гардид.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 434 ҳазор гектар кишти асосии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, дар майдони 191636 гектар ғалладонагиҳо, 17218 гектар полезиҳо, 131942 гектар зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 120716 гектар пахта, 39765 гектар сабзавот, 13723 гектар картошка ва 39679 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шуда, иҷрои дурнамо ба 106,6 фоиз баробар шуд.
Ҳамзамон, ба масъалаи кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ таваҷчуҳ зоҳир гардида, дар майдони 133,4 ҳазор гектар анҷом дода шуд, ки иҷрои дурнамо 103 фоизро ташкил медиҳад.
Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ҳолати мелиоративии 3179 гектар заминҳо беҳтар гардонида шуда, 790 гектар заминҳои аз гардиш берунмонда ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 1,1 миллион тонна ғалладонагиҳо, 2,1 миллион тонна сабзавот, 880 ҳазор тонна полезӣ, 164,6 ҳазор тонна пахта, 250,6 ҳазор тонна картошка, 366,0 ҳазор тонна меваҷот, 132 ҳазор тонна ангур, 248,0 ҳазор тонна гӯшт, 605,0 ҳазор тонна шир, 181 миллион дона тухм, 6200 тонна пашм, 200 тонна пилла, 1233 тонна асал ва 3826 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуда, суръати рушди истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ аз 103,5 то 171 фоиз таъмин гардид.
Ҷиҳати таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат дар вилоят дар майдони 1387 гектар гармхонаҳо кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 45274 тонна сабзавот истеҳсол карда шуд.
Соли 2024 вобаста ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар талу теппаҳои бо намӣ таъмини шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 287 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, 207 гектар боғу токзори кӯҳна барқарор карда шуданд.
Бо мақсади ободу зебо гардонидани ватани азизамон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавсими ниҳолшинонии солҳои 2023-2024 ба миқдори 1793876 бех ниҳолҳои гуногун, аз он 1134217 бех сояафкан, 385069 бех ҳамешасабз, 274590 бех ороишӣ, 6764560 бех гулу гулбуттаҳо, аз ҷумла 688568 бех лола, 980945 бех садбарг, 5095,5 ҳазор бех дигар гулҳо, 13004 бех қаламчаи чинор ва 444506 бех қалачаи садбарг шинонида, дар масоҳати 157455 метри мураббаъ кишти алафҳои ҳамешасабз гузаронида шудааст.
Кишоварзони вилоят бо андешидани тадбирҳои омодагӣ - шудгор, нуриандозӣ, обмонии захиравӣ, обшӯйкунии заминҳо, яхобмонӣ, нигоҳдорӣ ва шиба кардани барф дар бехи дарахтон, захира намудани тухмиҳои сифати аъло ва нуриҳо дар анборҳо ба хотири фаровонҳосилӣ, буриш ва башаклдарории дарахтон, мубориза бар зидди ҳашароту касалиҳо, таъмири олотҳои коркарди хок ва омода намудани техника ба кишту кори баҳориро анҷом медиҳанд.
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди кишоварзон вазифаҳои бениҳоят муҳимро ба миён гузошта, қайд намуданд: “Моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем. Инчунин, ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ ва таъмин намудани рушди инноватсионии соҳа бояд чораҳои саривақтӣ амалӣ карда шаванд”.
Эътимоди комил дорам, ки соли ҷорӣ ба хотири амалишавии барномаҳои стратегӣ ва нақшаву ниятҳои неку созандаи Пешвои муаззами миллатамон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд, ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпарвари вилояти Хатлон азму талоши худро баҳри ободиву шукуфоии сарзамини биҳиштосоямон равона месозад.
Мардуми заҳматқарину сарбаланди вилояти Хатлон бо иродаи қавӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти сарзамини биҳиштосоямон вусъати тоза бахшида, аз оѓози марҳилаи коркарди замин ва гузоштани заминаи мусоиди фаровонҳосилӣ барои фардои боз ҳам ободу осудаи ватани азизамон пойдевори устувор хоҳанд гузошт.
Бо ҳамин мароми неку ояндасоз, бори дигар мардуми иззатманду сарбаланди вилояти Хатлони бостониро бо фарорасии ҷашни Сада самимона табрик гуфта, ба кулли ҳамдиёрон сиҳатмандиву нишоти умр, бахти поянда, офиятмандӣ ва кушоиши кор таманно дорам.
Ҷашни Сада муборак бод, ҳамдиёрони азиз!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...