Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Маъракаи ниҳолшинонӣ


Маъракаи ниҳолшинонӣ



Имрӯз, 25 январ, дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар назди бинои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон баргузор гардид, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд. 

Ин тадбир бо мақсади ороиш додани муҳити атроф ва ташвиқ намудани аҳолӣ ба нигоҳубини табиат ва сарфаи захираҳои табиӣ сурат гирифт. 

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар ҷараёни ниҳолшинонӣ изҳор намуд, ки шинондани ниҳолҳо на танҳо ба ҳифзи муҳити зист, балки ба фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати истироҳати аҳолӣ созгор аст.

Дар ин маъракаи нишолшинонӣ кормандони Раёсат, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар, мактабҳои варзишии вилоятӣ, варзишгарон ва волонтёрон иштирок намуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода