Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИФТИТОҲИ АГРО ЛАБ ВА МАРКАЗИ МАШВАРАТӢ ДАР БОХТАР


ИФТИТОҲИ АГРО ЛАБ ВА МАРКАЗИ МАШВАРАТӢ ДАР БОХТАР



Имрӯз дар шаҳри Бохтар Маркази машваратӣ ва аввалин ташхисгоҳи кишоварзии ҷумҳурӣ – АГРО ЛАБ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ ёфт. 

Иншооти мазкур бо дастгирии шарикони рушд сохта шуда, арзиши умумии лоиҳа 125 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Марказ аз панҷ бахш: ҳуҷраи мушовирон, ҳуҷраи қабули намунаҳо, ташхисгоҳи касалиҳои растаниҳо, ташхисгоҳи хок ва об, инчунин толори омӯзишу маҷлисҳо иборат аст.

АГРО ЛАБ ҳамчун аввалин ташхисгоҳи кишоварзии муҷаҳҳази Тоҷикистон ба таҳлили замонавии таркиби хок, об ва касалиҳои растаниҳо машғул хоҳад шуд. Таҷҳизоти муосири рақамӣ ва мутахассисони баландихтисос барои баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ мусоидат менамоянд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд дода, ба масъулон дастур дод, ки аз имконияти мавҷуда самаранок истифода бурда, дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии давлат – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузоранд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода