ДАР ШАҲРИ БОХТАР ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БАРГУЗОР ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 150
22 январ дар шаҳри Бохтар вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии "Хатлон" Носирҷон Маъмурзода, муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода, дотсенти ДДБ ба номи Носири Хусрав Бекмурод Наимзода, намояндагони мақомоти маҳаллӣ, фаъолон ва беш аз ҳазор сокини маҳаллаи шаҳр иштирок намуданд.
Заробиддин Файзуллозода зимни суханронии худ аҳамияти муҳими Паёмро ҳамчун санади раҳнамо барои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъкид намуда, муҳимтарин самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии кишварро шарҳ дод. Ӯ зикр кард, ки дар Паём Пешвои миллат ба рушди соҳаҳои саноату энергетика, маориф, тандурустӣ, иқтисод, амнияти миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Сармуҳаррири рӯзномаи "Хатлон" Носирҷон Маъмурзода дар баромади худ нақши воситаҳои ахбори оммаро дар тарғибу ташвиқи ғояҳои Пешвои миллат ва ташаккули маърифати сиёсии ҷомеа таъкид намуд. Ӯ афзуд, ки Паём барои ҳар як шаҳрванд роҳнамои амали созанда аст ва воситаҳои ахбор бояд онро ба таври васеъ ва равшан шарҳ диҳанд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба масъалаҳои дар Паём зикршуда иброз намуда, омодагии худро барои татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат изҳор доштанд.
Қобили зикр аст, ки бо дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 22 январ оғоз гардида, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо то 31 январ идома мекунад. Ҳадаф аз чунин мулоқотҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ва муттаҳид сохтани ҷомеа дар амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад.
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00