Ёвон рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 161
Ёвон яке аз ноҳияҳои агросаноатии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми назаррас дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат самтҳои хоҷагии халқи ноҳия бамаротиб рушд намуда, татбиқи тадбирҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ бомаром амалӣ мегарданд. Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 561 иншооти гуногунтаъинот ба нақша гирифта, то имрӯз 225 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Рақамисозӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ноҳия чорабиниҳои зиёди мақсаднок амалӣ гардида, дар ин самт масъулин ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд. То 1 январи соли 2025-ум 100% субъектҳои ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳисоботи худро ба таври электронӣ пешниҳод намуда, шумораи постерминалҳо ва QR-рамзҳо ба 1086 адад расид, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 1,4 маротиба зиёд аст.
Рушди саноаткунонӣ: дастовард ва дурнамо
Ноҳияи Ёвон дар соли 2024 ба яке аз марказҳои муҳимми саноатии вилояти Хатлон табдил ёфта, бо дастовардҳои назаррас дар истеҳсолоти саноатӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба рушди устувор ноил гардид. Бо татбиқи сиёсати саноатикунонии кишвар, иқтидорҳои истеҳсолӣ афзоиш ёфта, саҳми ноҳия дар иқтисоди миллӣ зиёд гардидааст.
Тибқи иттилоъ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2024 ба 1,779 млрд сомонӣ расид, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 22,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Нишондиҳандаҳои афзоиш дар соҳаҳои гуногун аз инҳо иборатанд:
Гачкартон – 330,7%,
Оҳаки сохтмонӣ – 508,1%,
Хишти пухта – 274%,
Молҳои дӯзандагӣ – 118,2%.
Корхонаҳои асосии ноҳия, аз ҷумла “Хуаксин Ғаюр семент” ва “Чжунгтсай Моҳир семент” бо иқтидорҳои баланди истеҳсолӣ фаъолият карда, 212 миллион сомонӣ маҳсулоти сементиро ба хориҷи кишвар содир намуданд. Ин нишондиҳанда 10,2%-и ҳаҷми умумии сементи истеҳсолшударо ташкил медиҳад.
Шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия ба 57 адад расида, дар соли 2024-ум нуҳ корхонаю коргоҳ бо 123 ҷойи кории нав ба истифода дода шуданд. Ин тадбирҳо на танҳо ба афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, балки ба беҳтар шудани шароити шуғли аҳолӣ низ мусоидат намуданд.
Воқеан, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат соҳаҳои хоҷагии ноҳияи Ёвон рушд намуда, бо истеҳсолоти рақобатпазир дар татбиқи самараноки стратегияҳои иқтисодии кишвар саҳми назаррас мегузорад. Бо такя ба захираҳо, иқтидорҳои мавҷуда ва дастгирии давлат, саноат дар ноҳия ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, ба ташаккули ҷойҳои нави корӣ ва беҳбуди шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Кишоварзӣ: рушди афзоиш ва истеҳсолот
Соҳаи кишоварзӣ дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ рушд намуда, хоҷагидорони ноҳия ба ҳосили бо ранҷ парваридаашон дар таъмини амнияти озуқаворӣ бо маҳсулотҳои тару тозаи кишоварзӣ нақши созгор доранд. Тибқи иттилоъ соли 2024 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 2,435 миллиард сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 115,7 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 105%-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла:
Истеҳсоли сабзавот 107,537 тонна (+15,9%).
Полезӣ 67,472 тонна (+17,4%).
Мева 15,177 тонна (+18,9%).
Ангур 11,864 тонна (+55,6%).
Сохтмон ва меъморӣ
Тавре ки раиси ноҳия Бахтиёр Шарифӣ иттилоъ дод, соли 2024 дар ноҳияи Ёвон сохтмони биноҳои наву замонавӣ бо суръати баланд идома ёфта, ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия такони ҷиддӣ бахшид. Бо татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҷалби сармоягузориҳо иншооти муҳиме мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ҳадафи онҳо беҳтар кардани шароити зиндагии сокинон мебошад.
Ҳамчунин, як қатор муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои тандурустӣ ба истифода дода шуданд. Ин иқдомҳо барои қонеъ кардани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ дар самти маориф ва тандурустӣ заминаи боэътимод фароҳам меоранд.
Аз ин маблағ қисми зиёдаш ба сохтмони иншооти инфрасохторӣ, аз қабили роҳҳо, пулҳо ва хатҳои обрасонӣ равона шудааст. Фондҳои асосии ба истифода додашуда 405 миллион сомонӣ арзёбӣ шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023-юм 380 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки сохтмони биноҳои наву замонавӣ дар ноҳияи Ёвон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоиву иқтисодии маҳаллӣ мебошад. Ин раванд дар соли 2024 ба таври назаррас густариш ёфта, ба ташаккули симои замонавии ноҳия ва беҳтар шудани шароити зиндагии сокинон мусоидат намуд.
Абдулло Риоев,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...