ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳидоятгари фардои дурахшон


Ҳидоятгари фардои дурахшон




Боиси  хушнудӣ  ва  сарфарозии  тамоми  мардуми  шарифи Тоҷикистони биҳиштосост, ки ҳамасола дар фазои сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ Паёми Роҳбари муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли мардум ироа мегардад. 

Пешвои  маҳбуби   миллат  дар  Паёми  хеш  ҳама  паҳлуҳои фаъолияти  Ҳукумати  ҷумҳуриро  баррасӣ  намуда,  дар  баробари  музаффарият  ва  муваффақият  баъзе  камбудиҳои  соҳаҳои мухталиф, ба монанди тандурустӣ, маориф, савдо, энергетика, сайёҳӣ, варзишро ба риштаи сухан кашида, аз масъулин талаб намуданд, ки камбудиҳои мазкурро дар кӯтоҳтарин муддат ислоҳ намуда, барои пешрафти Тоҷикистон аз дилу ҷон хизмат намоянд. Инчунин ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо дода шуд, ки бевосита барои пешрафти Тоҷикистони сарсабз бо дилу нияти пок ва иродаи қавӣ хизмат намоянд. 

Дар робита ба ин таъкид доштанд: “Андоз асоси мавҷудияти давлат мебошад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва  масъулияти  андозсупории  шаҳрвандон  муҳим  мебошад. 

Рақамикунонии  пурраи  хизматрасониҳои  давлатӣ  ва  ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ зарур аст. Аз ин рӯ,  пешниҳод  менамоям,  ки  солҳои  2025-2030  “Солҳои  рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шавад”.

Боиси  хушнудӣ  ва  сарфарозии  мардуми  шарафманди Кӯлоби  бостонист,  ки  Пешвои  муаззами  миллат  бо пешниҳоди маорифпарваронаашон иброз доштанд: “Дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи  инноватсия  ва  технологияҳои  рақамӣ  таъсис  дода шавад”.

Ҳамчунин Пешвои миллат бо қаноатмандӣ ва ҳисси мамнуният иброз доштанд, ки “Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон итминони комил дорам. Мо бо мардуми заҳматкаш тамоми  нияту  мақсадҳои  некамонро  дар  ояндаи  наздик  амалӣ менамоем ва Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафтаву сарсабз табдил медиҳем”.

Дар баробари ин ғамхориҳо ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро тибқи дастуру ҳидоят ва супоришҳои дар Паём ироагардида ба роҳ монда, дар ободонии манзилу маҳалли худ ва сарзамини хеш саҳм гузорад.

Алишери Абдулмаҷид, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода