Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Паём - раҳнамои фарҳангиён


Паём - раҳнамои фарҳангиён




Дар  Паёми   навбатӣ   Пешвои  муаззами   миллат  дар  баробари  соҳаҳои  муҳими  ҷомеа  дар  бораи  соҳаи  фарҳанг  иброз намуданд,  ки   дар  замони  соҳибистиқлолӣ  Ҳукумати  мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшид.

Агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли  2024-ум  ин  нишондиҳанда  1  миллиарду  716  миллион  сомониро ташкил дод.

Ҳамзамон зикр гардид, ки тайи 33 соли Истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда  шуд,  ки  имрӯз  ҳамаи  онҳо  ба  мардуми  Тоҷикистон  хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд.

Танҳо дар се соли охир дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 167 иншооти фарҳангу фароғат бунё-ду азнавсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмон ва барқарорсозии 14 муассисаи  соҳаи  фарҳанг  идома  дорад.  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон  зикр  намуданд,  ки муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққат қарор дошта бошанд.

Падидаи фараҳбахши дигаре, ки боиси хурсандии аҳли соҳаи фарҳанг гардид, ин бо дастури Президенти мамлакат сохта ба истифода додани мактабҳои мусиқӣ дар ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар мебошад, ки ин дар тарбияву камолёбии истеъдодҳои наврасу ҷавон саҳми назаррас дорад.

 Дастуру  ҳидоятҳои  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон  дар  Паёми  навбатӣ мо - кормандони соҳаи фарҳангро муваззаф менамояд, ки дар баробари  дигар  соҳаҳои  муҳими  ҷомеа  дар  роҳи  расидан  ба ҳадафҳои нек бо роҳи пойдор нигоҳ доштани суботи сиёсӣ дар Тоҷикистони азиз, дар радифи ободу зебо ва мустаҳкам гардидани заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳангӣ бештар таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони Истиқлол, сулҳу оромӣ, пойдор  нигоҳ  доштани  Ваҳдати  миллӣ   ва   шинохти  таъриху тамаддуни фарҳанги миллӣ равона карда, оид ба ин мавзуъҳо чорабиниҳои  гуногун  доир  намудан  дар  тарбия  ва  ташаккули мафкураи солими ҷомеа ҳиссаи созгор гузорем ва ҷашни бузурги  миллати  тоҷик,  35-солагии  Истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намоем. 

Сарахон Бозорзода,
аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода