Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД


ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД




Имрӯз, 20 январ, дар шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Норак, Кӯшониён, Панҷ, Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Ёвон, Шаҳритус, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва роҳбарони сохторҳои марбутаи вилоятӣ ширкат варзиданд. 

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, раиси вилоят Давлаталӣ Саид вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2024 баён гардиданд, вазифагузорӣ намуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода