Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар Бохтар бо ташаббуси роҳбарияти вилояту шаҳр 15 ҳазор дарахту гул шинонида шуд


Дар Бохтар бо ташаббуси роҳбарияти вилояту шаҳр 15 ҳазор дарахту гул шинонида шуд



Имрӯз шаҳри Бохтар бо як иқдоми бузурги экологӣ рӯбарӯ шуд. Дар доираи барномаи кабудизоркунӣ ва бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва шаҳрдори шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид, наздики 15 ҳазор дарахтону гулҳои ороишӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шинонида шуд.

Ҳашари умумихалқӣ бо иштироки фаъолонаи ташкилоту идораҳо, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба таври муназзам роҳандозӣ гардид, шаҳодати муҳаббат ба табиат ва ободии диёр буд.

Бо иштироки фаъолони шаҳр 200 дарахти булути "дук", 200 мажавил, 8000 буттаи лигустра ва 5000 гули садбарг шинонида шуданд, ки зебоии табиии шаҳрро дучанд афзуда, ба экологияи он таъсири мусбат хоҳанд расонд.

Ин иқдоми созанда шаҳодати он аст, ки роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар ба ободии диёр, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода