Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Ману китоб»


«Ману китоб»




Дар доираи пешниҳоди раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, аз 12.12.2024, №720  дар  бораи  «Соли  фарҳанги  китобхонӣ»  эълон  кардани соли  2025  дар  қаламрави  вилояти  Хатлон,  бо  мақсади  ташвиқи китобхонӣ,  рушди  маърифати  наврасону  ҷавонон  ва  қишрҳои гуногуни  ҷомеа  идораи  рӯзномаи  “Хатлон”  озмуни  эҷодӣ  барои беҳтарин эссе таҳти унвони “Ману китоб”-ро эълон менамояд.

Дар  озмун  хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон, шоирону нависандагон, намояндагони  касбу  кори  гуногун ва  тамоми  қишрҳои  ҷомеа, ки ба хониши китоб, мутолиаи асарҳои манзуму мансур алоқаманд мебошанд, иштирок карда метавонанд.

Дар  вақти  баҳогузорӣ  ба услуби  ҷолиби  баён  ва  тарзи  пешниҳоди  эссе,  шарҳи шавқангез  ва  мухтасари  асар, маълумот  оид  ба  қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, дарки  дурусти  мазмун  ва  муҳтавои асар  ва  таассуроти  баргирифта  аз  он афзалият дода мешавад.

Мавод дар шакли чопӣ дар ҳаҷми на беш аз  3  саҳифа,  ҳуруфи  андозааш  14-и  Times  New Roman ё Arial қабул карда мешавад.

Озмун  аз  рӯзи  эълони  он  то  5  октябри  соли 2025 идома меёбад.

Ғолибони озмун бо Дипломи дараҷаҳои 1, 2, 3 ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми зерин қадрдонӣ карда мешаванд:
- Ҷойи якум - 3000 сомонӣ.
- 2 ҷойи дуюм - ба ҳар яке 2000 сомонӣ.
- 3 ҷойи сеюм - ба ҳар яке 1000 сомонӣ.

Ҳамзамон 4 иштирокчии фаъоли дигар бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии рӯзномаи “Хатлон” сарфароз гардонида мешаванд.


Иштирокчиёни озмун метавонанд эссеҳои худро ба унвонии почтаи электронии мо: khatlon.tj@mail.ru  ё  бевосита  ба  идораи  рӯзнома  –  шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов-12, бо ишораи «Барои озмун»  ва  тариқи  месенҷерҳои  телеграм  ё  ватсап (93-703-23-23) пешниҳод кунанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода