Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Инъикоси масоили ҷавонон дар Паёми Пешвои миллат


Инъикоси масоили ҷавонон дар Паёми Пешвои миллат




Ҳамасола Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони мамлакат  ироа  мегардад.  Президенти  мамлакат  натиҷаҳои  соли  сипаригаштаро ҷамъбаст намуда, барои соли нав дар Паёми худ нақшаву барномаҳои ҷадидро баён медоранд. 

Пешвои миллат зикр намуданд, ки новобаста аз мушкилиҳои зиёд мо тавонистем дар соли 2024 ба як қатор комёбиҳо ноил гардем,  ин  ҳама  комёбиҳо  бо  талошу  заҳматҳои  мардуми  шарафманди  тоҷик  ба  даст  омадааст.  Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар  қатори  масоили  мухталиф  ба  масоили ҷавонон  рӯ  оварда,  чунин  баён  доштанд:  «Дар  қалби  ҷавонон ҳамчун  қувваи  асосии  пешбарандаи  ҷомеа  бедор  намудани ҳисси  ватандӯстиву  ватанпарастӣ,  арҷгузорӣ  ба  забон,  таъриу  фарҳанг  ва  тамаддуни  миллӣ,  баланд  бардоштани  нақш  ва мавқеи  онҳо  дар  ҷомеа  аз  ҷумлаи  вазифаҳои  муҳимми  давлату  Ҳукумат  мебошад.  Ҷавонон  қишри  фаъолтарини  ҷомеа  ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт».

Баъд  аз   ба  даст  овардани  Истиқлоли  давлатӣ  дар  самти дастгирии  ҷавонон  санадҳои  муҳимми  давлатӣ  қабул  гардида, самтҳои  фаъолияти  онҳо  дар  шароити  муносибатҳои  нави  сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» баёнгари он аст, ки Ҳукумати кишвар дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбияи насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ меҳисобад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо қабул карда шуданд.

Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳамчунин  дар идомаи  суханронии  хеш  қайд  намуданд,  ки  ҷаҳони  пуртазоду  ноороми  муосир  ҷавонони  кишварро  водор  месозад,  то  аз таҳаввулоти  босуръати  сайёра  ҳамеша  огоҳ  бошанд,  худ  ва ҳамсолонашонро  аз  таъсири  мафкураи  радикаливу  ифротӣ  ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии  сарзамини  аҷдодӣ,  сулҳу  оромӣ,  суботи  сиёсӣ  ва  ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.

 Ҷавонон  имрӯзҳо  дар  пешрафти  ватани  азизамон  – Тоҷикистони  соҳибистиқлол  саҳми  босазо  гузошта  истодаанд. Онҳо неруи бузурганд ва барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи комил дар мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. 

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ва бавижа Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  ҷавонон  итминони комил доранд ва онҳо низ дар навбати хеш саъю талош мекунанд, ки сазовори ин боварӣ ва эътимод бошанд. 

Самандар Раҷабализода,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода