Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хатсайри нави ҳавоӣ дар масири Кӯлоб-Душанб


Хатсайри нави ҳавоӣ дар масири Кӯлоб-Душанб




Шуруъ аз 15 январи соли равон ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик  Эйр»  дар  масири  Душанбе-Кӯлоб-Душанбе  хатсайри нави ҳавоӣ фаъол менамояд.

Парвозҳо аз Душанбе ба Кӯлоб бо  ҳавопаймои  АН-28  ҳафтае  се маротиба  -  сешанбе,  панҷшанбе ва якшанбе доир шуда, вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00 ва аз Кӯлоб  соати  10:00  муқаррар  гардидааст.  Давомнокии  парвоз  дар масири  Душанбе-Кӯлоб-Душанбе 30  дақиқа  ва  рафту  бозгашт  1  соатро ташкил медиҳад. Нархи чипта барои як тараф 300 сомонӣ, барои ҳар ду тараф 600 сомонӣ мебошад. Бояд гуфт, ки соли 2024 ширка-ти  ҳавопаймоии  «Тоҷик  Эйр»  дар масири  Душанбе-Хоруғ-Душанбе парвозҳоро фаъол намуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода